Боймурод Шоев: Бисёриҳо қиблаашонро дигар карданд…

Оё медонед, ки дар шаҳри Панҷакент “Осорхонаи ЛенинСталин” мавҷуд аст? Ман ҳам намедонистам. Тамошои ин осорхона ва ошноӣ бо бунёдгузори он Боймурод Шоев барои банда хотирмон буд. Бовар дорам, ки он барои шумо низ ҷолиб хоҳад буд.    

Музей зери осмони соф

Ҳамагӣ ду ҳуҷраи Бинои дуошёнаи собиқ Горкомпартияи шаҳри Панҷакент имрӯз мансуб ба Ҳизби коммунист аст. Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ва коҳиши нуфузи ҳизб талошҳо барои тасарруфи ин бино зиёд шуданд. Роҳбари вақти коммунистони шаҳр Боймурод Шоев мегӯяд, ки бо даводави зиёд ва пас аз чанд мурофиаи судӣ ду ҳуҷраро ҳамчун дафтари ҳизб нигоҳ дошт.

— Вақте дар Душанбе ҳайкали Ленинро тахриб карданду дар кишвар нооромӣ оғоз шуд, дар ташвиш афтодам. Ҳайкали Ленин дар назди ҳукумати шаҳри Панҷакент буд. Масъалаи кӯчонидани онро дар пленум гузоштам. Баъди қабули қарори дахлдор Ленинро ба назди бинои ҳизб овардем. Дере нагузашта ниқобдорон омада хостанд ҳайкалро шикананд, вале мо муқобилият нишон додем,- мегӯяд Боймурод Шоев.

Инак, солҳост, ки мавлуди Ленин, ҷашни Ғалаба ва чорабиниҳои дигари коммунистони Панҷакент дар пояи ин ҳайкал баргузор мешавад.

— Панҷакент музейи зери осмони соф аст,- мегӯяд Боймурод Шоев,- зеро ғайр аз маркази шаҳр, як пайкараи Ленин дар мактаби №1 ба номи Разин, якто дар деҳаи Сӯҷина, ва якто дар деҳаи Ғӯсар пойбарҷост. Ман ҳамеша аз ҳоли онҳо хабардор шуда меистам, ки касе зарар нарасонад.  

Осорхонаи Ленин-Сталин

Боймурод Шоев зодаи ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) аст. Замони таҳсил дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент аз ҳамин ҷо оиладор мешавад ва сарнавишти хешро ба ин шаҳр мепайвандад. Пас аз хатми Донишгоҳи омӯзгории Душанбе ва фаъолият дар Кумитаи телевизион ва радио ба Панҷакент бармегардад ва корманди рӯзномаи “Зарафшон” мешавад. Баъдан фаъолияти хешро ба кори ҳизбӣ пайваста, қариб 20 сол Котиби якуми кумитаи панҷакентии Ҳизби коммунист будааст. Соли 2017 дар як ҳуҷраи бинои ҳизб “Осорхонаи Ленин-Сталин”-ро таъсис додааст, вале аз сарнавишти он нигарон аст.

— Ба раиси вилоят мактуб кардам, то ки Осорхона ба тобеияти Шуъбаи фарҳанги шаҳр гузаронида шавад ва барои он як воҳиди корӣ ҷудо кунанд. Раиси вилоят мактуби маро ба ҳукумати шаҳр ирсол кард. Ҷонишини раис посух дод, ки ҳоло чунин имкон нест. Ман то зинда ҳастам, аз ҳисоби худам осорхонаро нигоҳ медорам, вале баъди ман чӣ мешавад? Аз рӯйи адолат нест, ки ин таърихро фаромӯш кунем. Ин бахше аз сарнавишти миллати мост,- мегӯяд Боймурод Шоев.

Дар осорхонаи мазкур экспонатҳои нодир, нишонҳо, аксҳо ва нимпайкараҳои Ленину Сталин, нусхаи дастнависҳои Ленин, шумораи аввали рӯзномаи “Правда” (асл), акс ва маълумот дар бораи аввалин комунистон ва комсомолони шаҳри Панҷакент, маълумот дар бораи ду қаҳрамони Иттифоқи советӣ аз Панҷакент ва ғайра гирдоварӣ ва ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Боймурод Шоеви 86-сола ҳамарӯза худ дари осорхонаро мекушояд ва тамошобинонро қабул мекунад. Ӯ дар бораи ҳар як нигораи осорхона бо шавқ нақлҳои ҷолиб мекунад. Ба аксе ишора карда, мегӯяд:

— Аз Панҷакент ду нафар Қаҳрамони Иттифоқи Советианд, яке Сергей Разин ва дигаре Панфилов. Разин хатмкардаи мактаби №1 буд, ки баъдан ин муассиса ба номаш гузошта шуд. Чанд сол пеш мактабро ба номи Мақсуд Икромов гузоштанд, вале мо талошҳо карда, ба номи Разин барқарор кардем.

Аз осорхонаи Боймурод Шоев шахсиятҳои мухталиф, раисони собиқи Ҳизби коммунист — Шодӣ Шабдолов, Исмоил Талбаков ва раиси феълӣ Меҳроҷ Абдуллоев боздид намудаанд. Барои таъсиси ин Осорхона ба Боймурод Шоев Геннадий Зюганов низ номаи сипос фиристодааст.

Чинори миллат

Яке аз хизматҳои Боймурод Шоев эҳё ва пос доштани номи Чинор Имомов — ходими ҳизбиву давлатӣ ва яке аз чеҳраҳои таъсиргузор дар солҳои 20-ум аст. Ӯ таваҷҷуҳи маро ба тоблуи бузурге, ки бахшида ба 110-солагии ин абармарди таърихӣ омода кардааст, равона карда, мегӯяд:

— Чинор Имомов соли 1898 дар деҳаи Зебон таваллуд шудааст. Фаъолияти сиёсии ӯ аз соли 1918 оғоз мешавад. Ӯ дар вазифаҳои котиби созмони ҷамъиятии “Иттифоқи меҳнаткашони мусулмон”, раиси кумитаи инқилобии уездию шаҳрии Истаравшан (Уротеппа) кор карда, солҳои 1920-1922 сарварии кумитаҳои ҳизбии уездию шаҳрии Ҷиззах ва Самарқандро ба уҳда дошт. Чинор Имомов моҳи октябри соли 1923 ба вазифаи ҷонишини якуми раиси Комиссияи марказии назорат ва Комиссари халқии Инспексияи коргару деҳқони Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон пешбарӣ мегардад. Узви комиссияи тақсимоти милливу ҳудудӣ буд ва дар баробари Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур, Абдураҳим Ҳоҷибоев, устод Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва дигар фарзонафарзандон барои бунёди Тоҷикистон талошҳои зиёде кардааст. Дар солҳои 30-юми асри XX, мутаассифона, қурбони дасисаҳо гардид.

Гузоштани мактаби деҳаи Зебон ва як кӯчаи шаҳри Панҷакент ба номи Чинор Имомов низ натиҷаи талошҳои Боймурод Шоев будааст. Ӯ авлодони Чинор Имомовро аз деҳа пайдо карда, ҳамчунин, бо ҳамсари ӯ Галя, писараш Вадим ва духтараш Ира низ робита барқарор намудааст. Натиҷаи ҷустуҷӯҳояшро дар китобҳои “Чинор Имомов — ифтихори мо” ва “Чинори миллат” нашр кардааст. 

Посбони ҳақиқат

Назарам ба акси якҷояи Боймурод Шоев бо устод Лоиқ афтод. Маълум шуд, ки онҳо ҳамсабақи донишгоҳӣ будаанд.

— Лоиқ ҳақиқатпараст буд! Мо ӯро байни худ посбони ҳақиқат мегуфтем,- ба ёд меорад ҳамсуҳбатам.- Баъди хатми институт дар радио якҷо кор мекардем. Яке аз шоирони номдор шикоят мекунад, ки шеърҳояш аз шуъбаи адабӣ нагузаштаанд. Мудири шуъба Иноят Рустамова бемор буданду дар як маҷлис Лоиқ ширкат дошт. Воҳид Шарифов раиси кумита буд ва сабаби ба эфир нарафтани шеърҳоро пурсид. Лоиқ беистиҳола гуфт, ки вай шеърҳо халтура! Ҳама ҳайрон шуданд…

Боймурод Шоев мегӯяд, ки шоҳиди эҷоди яке аз шеърҳои устод Лоиқ низ будааст.

“Солҳои 80-ум бо Лоиқ ба Ставропол барои истироҳат рафтем. Дар санатория чашмаи оби минералӣ буд, ки қабл аз хӯрокхӯрӣ аз он менӯшидем. Чанд рӯз, вақти рафтан ба чашма таваҷҷуҳ кардам, ки Лоиқ кӯҳҳои осмонбӯсро тамошо карда, ба як дарахт бештар таваҷҷуҳ мекунад. Сабаб пурсидаму Лоиқ ин шеърашро, ки бо таъсири ҳамон дарахт навишта буд, хонд:

Эй дарахти безабон!

Худ табарро даста бидҳӣ,

То бибуррад решаатро.

Мебурандат,

Мебарандат,

Ин чӣ савдо?

Ин чӣ дунё?

Аз ту месозанд чӯби дорҳо,

Аз ту месозанд чӯби гӯрҳо.

Эй дарахти безабон!

Баргҳо оё забонат нестанд?

Ду савол ба ҷойи се нуқта

О. Н.: Имрӯзҳо ба шахсияти Сталин назарҳо гуногун аст. Аксарият ӯро маҳкум мекунанд, вале мебинам, ки шумо ба ин шахсият таваҷҷуҳи хос доред?

Б. Ш.: Ба ин савол худи Сталин посух додааст: “Замоне меояд, ки оид ба бисёр масъалаҳо моро гунаҳгор мекунанд, лекин боди ногузири таърих баргҳои туҳмати хазоншудаи онҳоро аз болои қабри мо рӯфта мебарад ва ҳақиқат намудор мешавад”…

О. Н.: Баъди фурӯпошии шӯравӣ бисёриҳо аз Ҳизби коммунист рӯ тофтанд. Чаро шумо ба он содиқ мондед?

Б. Ш.: Дар яке аз нахустин ҷаласаҳои ҳизби демократ маро ба ҳайси меҳмон даъват карданд. Ба толор даромадам, ки 80 % коммунистони собиқ нишастаанд. Гуфтам қасаматон чӣ шуд? Наход одам чунин дурӯя шавад? Ман қасам хӯрда ба партия дохил шудам. Барои ман қибла якто аст! Вале бисёриҳо қиблаашонро тағйир доданд ва агар зарурат шавад, боз тағйир медиҳанд…

Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *