Бокс-шоуи «Тоҷикистон vs Ўзбекистон» дар Душанбе
5-уми августи соли 2017 дар маҷмааи варзишии Вазорати алоқаи ҶТ, дар шаҳри Душанбе барномаи бокс-шоуи «Тоҷикистон vs Ўзбекистон» баргузор мешавад, ки вохўрии асосии он набарди байналхалқӣ миёни Шералӣ Маҳмадалиев (Тоҷикистон) ва Мақсуд Ҷумъаев (Ўзбекистон) дар вазни ниммиёна (66,678 кг), иборат аз 8 раунд ба шумор меравад.
Дар ин шом, ҳамчунин набардҳои рейтингӣ дар нақша гирифта шудаанд: набарди Бахтиёри Мирзомуҳаммад (Тоҷикистон) – Алишер Ҳабибуллаев (Ўзбекистон) дар вазни миёна (72,5 кг), 6 раунд, Асрор Воҳидов (Тоҷикистон) – Ҳумоюн Рустамов (Ўзбекистон) дар вазни якуми нимсабук (55,338 кг), 6 раунд.
Ҳамчунин, набардҳои диданӣ барои ҷалби тамошобинон (андеркарт) бо ширкати Диловаршо Абдураҳмонов (Тоҷикистон) – Рустам Азизов (Тоҷикистон) чун муборизаи рейтингӣ дар вазни фавқулодда вазнин (+90,709 кг), дар 4 раунд, Оятулло Яқубов (Душанбе) – Билол Холов (Хатлон) набарди нахустин, вазни якуми миёна (58,967 кг) дар 4 раунд; Гулмира Исроилова (Тоҷикистон) – Парвина Артоева (Тоҷикистон), набарди рейтингӣ дар вазни фавқулодда вазнин (+90,709 кг) дар 4 раунд баргузор мешаванд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ