Бокс ва брекданс ба рўйхати Бозиҳои олимпӣ шомил шуданд
Аз 26-уми июл то 11-уми августи соли 2024 дар Парижи Фаронса Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимӣ баргузор мешавад. Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш, аз ҷумла бокс ва рақси варзишӣ ё брекданс (World DanceSport Federation) ворид гардидаанд.
Дар намуди бокс дар 13 вазн (7 вазн миёни мардҳо ва 6 вазн миёни бонувон) 248 варзишгар (124 мард, 124 зан) иштирок мекунанд. Аз ҳар кумитаи миллии олимпӣ дар як вазн як нафар имкони гирифтани роҳхат дорад. Ширкаткунандагон бояд мутаваллиди аз 1-уми январи соли 1984 то 31-уми декабри соли 2005 (19 то 40-сола) бошанд. Роҳхатҳо ҳам дар асоси радабандии Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA), ҳам тариқи мусобиқаҳои интихобӣ тақсим мешаванд.
Мусобиқаи рақси варзишӣ миёни мардон ва бонувон сурат мегирад. Дар ин намуд ҳамагӣ 32 варзишгар (16 нафар миёни мардон, 16 нафар миёни бонувон) иштирок мекунанд. Ҳар кумитаи миллии олимпӣ имкон дорад 4 роҳхат (дунафарӣ миёни мардҳо ва бонувон) дарёфт кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ