Боли ҳунар шикаст…

Убайдуллои Раҷаб. Ин ном шаст сол боз рамзи ҳунари воло, рамзи хандаву шодӣ, рамзи фараҳу дилхушӣ, рамзи ҳаҷву мутоибаи нишонрас, рамзи ҳазлу шӯхӣ, рамзи зарофат ва лутфи латиф гаштааст…

Мехоҳам чизе бинависам, наметавонам. Акнун фаҳмидам, ки ӯ дар  ҳақиқат бузург будааст. Акнун фаҳмидем, ки мо чӣ шахсияти нотакрореро аз даст додаем. Ӯ дар воқеъ нотакрор буд. Соҳиби ҳунару истеъдоди нодир, коргардони беҳамто, беҳтарин олиму донишманди улуми мардумшиносӣ ва ҳунару санъатҳои мардумӣ, донандаи расму ойин ва анъанаҳои накeи ниёкон…

Вақте, ки дар Кӯлоб намоиши «Фалак»-ро таҳия мекард, зиндагиву рӯзгори инсон ва тақдири азалии ӯро аз лаҳзаи зодан то рӯзи мурдан, аз гаҳвора то ба гӯр басо шоирона бо рангҳо ва рамзҳо хеле табииву самимӣ ба тасвир кашида буд. Дар тӯли як соату чанд дақиқа ҳаёту сарнавишти инсонро дар гирдоби тақдир дар қолаби мусиқиву таронаҳои мардумӣ чӣ қадар ҷаззобу рангин таҷассум карда буд…

Барои офаридани ҳар як образи саҳнавӣ (ё синамоӣ) мисли рассом, мисли шоир, чун тарроҳу дӯзандаи моҳир, чун муҳандису устои чирадаст, чун оҳангсозу сарояндаи мумтоз, чун таҳиягару коргардони хушзавқ ва худ чун бинандаву тамошогари нуктасанҷ амал мекард. Эҷодкори асил, ҳунарманди тавоное буд. Ҳама вуҷудаш, сиришташ чашми нозукбин, завқи баланд, эҳсоси наҷибу пурзарофат, лутфи латиф ва эъҷозу эҷод буд…

Дар борааш бисёр навиштанду гуфтанд. Аз ҳама навиштаҳо беҳтаринаш китоби Ҷонибеки Асрориён бо унвони шоиронаи «Достоне ба дарозии роҳи ашк» мебошад. Вале ҳоло ҳам асрори ҳунару эҷоди Убайдуллои Раҷаб комилан кашф нагардидааст…

Ӯ рафт… Ба ҷовидон, вале Боқиев-ҳо, Бердӣ Бӯйдоқович-ҳо, Қӯчқорбой, Бобои Ғаффор,…ва даҳҳои дигар боқи монданд, ҳастанд… Пас ӯ ҳаст, бо мост!..

Ман бо устод Убайдуллои Раҷаб бештар аз чил сол ҳамкорӣ кардам ва хотироти зиёде, хотироти басо ҷолибу рангине ҳосил намудаам. Ӯ дар ҳама ҳолат, дар кору зиндагӣ, дар тамрин, дар саҳна, дар одобу рафтор, дар сӯҳбату муошират, дар либоспӯшиву роҳгардӣ, дар нишасту зиёфатҳо, дар муносибат бо ҳамкорону мухлисон, дар масъулиятшиносиву ифтихори миллӣ ва иҷрои рисолати хеш ҳамчун ҳунарпеша бо фарҳанги баланди худ намунаи ибрати ҳамагон буд.

Охирин ҳамкориҳои эҷодии мо бо устод рӯзи 31 март дар толори Сирки давлатӣ ва 1 апрел дар саҳнаи театри донишҷӯии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дар доираи баргузории Рӯзи ханда ва таҷлили 80-солагии мавлуди муборакаш ба вуқӯъ пайваста буд. Вохӯрӣ, саволу ҷавобҳо, шӯхиву зарофатҳо мисли ҳамешагӣ басо ҷаззобу шавқангез сурат гирифтанд. Устод чун ҳамеша хеле қавию болидарӯҳ, зиндадилу ҳозирҷавоб буд.

Охирин дидорамон бо ӯ рӯзи 17 июн дар ноҳияи Шаҳринав ба ифтихори ҷашни 110-солагии зодрузи устод Мирзо Турсунзода воқеъ гашта буд. Чун ҳарвақта хандону болидахотир, қавииродаву рӯҳбаланд ба назар мерасид. Пайғом расонд, ки китоби ҷашнӣ аз навиштаву меҳрномаҳои дӯстону ҳампешагон омодаи чоп аст. Ният дошт, ки тирамоҳи соли равон шаби эҷодиашро ба ифтихори 80-солагии умри пурбораш пуршукӯҳ таҷлил намояд. Аз ман хоҳиш карда буд, ки барои ин амри муборак ҷиддӣ омодагӣ гирам…

Сад дареғ, ки боли қавии шоҳини ҳунар шикаст. Як ҷаҳони лутфу зарофат,  ҳунару фарҳанги баланд ба дили хок рафт…

Ортиқ Қодир,

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон                      

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *