Болоравии нархи сиёҳ кардани шишаи мошинҳо

Соли 2023 дар пайи зиёд шудани меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар кишвар иҷозат барои сиёҳ кардани шишаи мошинҳо низ зиёд мешавад.

Ҳамин тариқ, сиёҳ кардани шишаи мошинҳои соли истеҳсоли то 2005 ва аз он боло аз 5 ҳазору 376 сомонии қаблӣ то 5 ҳазору 712 сомонӣ боло меравад.

Соҳибони мошинҳои истеҳсолашон то 31-уми декабри соли 2004 бояд аз 1-уми январи соли оянда 4 ҳазору 420 сомонӣ пардохт кунанд. Дар ҳоли ҳозир ин маблағ 4 ҳазору 160 сомониро ташкил медиҳад.

Бояд қайд кард, ки иҷозаи сиёҳ кардани шишаи мошинҳои истеҳсоли соли 2005 ва баъди он 84 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои соҳибони мошинҳои истеҳсоли то соли 2005 ва аз он боло 65 нишондиҳанда барои ҳисобҳо арзиш дорад.

Иҷозат барои сиёҳ кардани шишаи мошинҳо ба муҳлати як сол дода мешавад. Аз соли 2010 инҷониб маблағҳои аз ин ҳисоб ҷамъшуда ба суратҳисоби махсуси сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” гузаронида мешаванд. Чунин иҷозатномаро аз шуъбаҳои Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ (РБДА) гирифтан мумкин аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *