Бомбаи ниҳонии Шӯравӣ ва тақсими мероси Осиёи Марказӣ. Мусоҳиба бо профессор Аслиддин Низомӣ

— Чаро олимони тоҷик ба “Шарқ тароналари” даъват нашуданд?

— Иттиҳоди кишварҳои туркзабон ба фарҳанги  тоҷик чӣ таъсир мегузорад?

— Симпозиуми Фалак дар кадом сатҳ бояд гузарад?

— “Бомбаи зеризаминӣ”-и идеологияи Шӯравӣ.

— Чаро мероси гузаштагонро соҳибӣ намекунем?

— Ушшоқи Мулло Тӯйчӣ ё Умар Ҳофиз?

— Чаро завқи мардум паст шуд?

— Эҳёи Гӯрғулӣ имкон дорад?

Суҳбати ихтисосии “Тоҷикистон” бо мудири Шуъбаи санъатшиносии АМИТ, доктори илми санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ

 Мусиқии Фалак аз “Илиада” ва Одисея” кам нест…

— Чанд рӯз қабл шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ матни суханрониатонро дар Симпозиуми байналмилалӣ, ки рӯзҳои 26-29-уми август дар Самарқанд баргузор шуд, нашр кардед. Маърӯзаи шумо “Ҷуғрофиёи густариши “Дувоздаҳмақом”: аз Мовароуннаҳр то Мағриб” ном дорад ва аён аст, ки муҳтавои он дар шароити кунунии талошҳои фарҳангӣ хеле мубрам мебошад. Вале маълум шуд, ки шумо ва чанд тан аз олимони Тоҷикистонро ба ин ҳамоиш даъват накардаанд. Сабаб чист? 

— Бале, ин ҳамоиши илмӣ бо иштироки зиёда аз 80 олимони ҷаҳон дар доираи баргузории Ҷашнвораи байналмилалии “Шарқ тароналари” (Таронаҳои Шарқ) сурат гирифт. Аз Тоҷикистон низ олимони мо маърӯзаҳои хешро пешниҳод намуда буданд, вале бо сабабҳои номаълум моро даъват накарданд. Воқеан, ин бори аввал аст, ки дар доираи симпозиумҳои илмии Самарқанд аз Тоҷикистон касе иштирок накард. Ғайр аз ин, маълум аст, ки  ин дафъа ғайри чашмдошт дар конфронси илмӣ намояндагони Эрон низ ҳузур надоштанд.

Вале кишвари моро дар барномаҳои ҳунарии ин ҷашнвора сарояндагони машҳури сабки фалаксароӣ — Шоҳин Абдуллоев ва Фотима Машрабова бо муваффақият намояндагӣ карданд ва нахустин маротиба аҳли санъати оламро бо услуби нодири мусиқии миллии тоҷик — фалаксароӣ ошно намуданд. Дар фестивалҳои пешин сарояндагони тоҷик Озода Ашӯрова, Фурқат Иброҳимов, Олим Бобоев, Соҳиба Давлатшоева иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳо гардида буданд.

— Ҳамасола дар Ӯзбекистони ҳамсоя ду ҷашнвораи бузурги мусиқӣ -Ҷашнвораи байналмилалии мақом ва Ҷашнвораи байналмилалии “Шарқ тароналари” дар сатҳи баланд баргузор мешванд. Оё мо имконияти баргузории чунин ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи мусиқии суннатиро дорем?

— Бале, ин гуна имконият, доираи хеле калони ҳунармандони асил, равияҳои нодири мусиқии миллӣ дар кишвари мо мавҷуд аст. Масалан, соли равон дар Душанбе Симпозиуми байналмилалии “Шашмақом” баргузор шуд, ки дар он аз панҷ кишвари дунё — Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон, Туркманистон ва Озарбойҷон ширкат намуда буданд. Ҳоло дар доираи амалӣ сохтани Барномаи давлатии рушди Шашмақом ва фалаксароӣ мо ҳам бояд тибқи талаботи замон масоҳати чорабиниҳоямонро хеле васеътар кунем. Соли оянда, яъне соли 2025 дар доираи ҳамин барнома дар пойтахти Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии Фалак баргузор хоҳад гардид ва ин чорабинӣ майдони хеле бузурги тарғиби анъанаҳои нодири мусиқии қадимии мо мегардад. Ин хеле муҳим аст, зеро ки имрӯз дар олам, хусусан дар фазои фарҳангӣ чӣ гуна гароишҳо ба миён омадаанд, перомуни мероси фарҳангӣ авҷ гирифтаанд. Масалан, вақтҳои охир дар муҳтавои ҳамоишҳои гуногуни давлатҳои туркзабони олам масъалаи мансубияти мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва адабӣ ошкоро мавриди баҳс қарор гирифтааст. Яъне як идда давлатҳо ба ҳам омада, бо ҷалби олимон ва ташхиси маъхазҳои хаттӣ кӯшиш карда истодаанд, ки ояндабинии фарҳангии худро рӯйи як меҳвар муттаҳид намоянд. Дар асл гӯё ин ягон таҳдиде ба ҷараёни эҳёи асолати фарҳангии мо надорад, аммо мубоҳисаҳои иттилоотӣ имрӯз тақозои онро дорад, ки олимони мо, аҳли адабу ҳунар барои ҳарчи беҳтару зиёдтар тарғиб намудани бузургтарин осори мусиқии миллии мо заҳмат кашанд. Дар муҳтавои маърӯзаи банда барои симпозиуми Самарқанд бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ маҳз ҳамин муаммо исбот гардидааст, ки тайи садсолаҳо мусиқии асили тоҷикӣ — Дувоздаҳмақом (баъдан Шашмақом) аз Мовароуннаҳр то шимоли Африқо таъсиррасон будааст ва имрӯз дар Алҷазоиру Марокаш номҳои оҳангҳои миллиашон ҳамон номи тоҷикӣ, яъне Сегоҳ, Чоргоҳ, Пешрав, Сарахборро доранд.

Аз ин сабаб минбаъд мо ҳам бояд кӯшиш кунем, ки Симпозиуми фалакро барои амиқтару васеътар омӯхтани таърихи ташаккули фалаксароӣ, эстетика ва ҷуғрофиёи он истифода барем. Ҳоло ба ғайр аз Тоҷикистон, ки чанд навъи хосаи фалаксароӣ роиҷ ҳаст, дар Эрон, Афғонистон ва ҳатто Покистон ҳам фалаксароӣ маъмул аст. Яъне дар мисоли таҳлили муҳтавои бадеӣ ва эстетикии жанри Фалаксароӣ мо имкон дорем, ки бисёр масъалаҳои мубрами рушди таърихии намунаҳои ҳунарро ба миён гузорем. Масалан, маълум аст,  мусиқии шифоҳии мардуми тоҷик — Фалаксароӣ олитарин ва қадимтарин намунаи мусиқии мардумии олам аст ва албатта пайдоиши он хеле қадимтар аз силсилаи Дувоздаҳмақом маҳсуб меёбад. Дар сохтори таронаҳои фалаксароӣ нашонаҳои наҷиби суннати овозхонӣ намудор аст, ки онҳо баъдан, дар асрҳои 11-12 ба низоми мақомсароӣ ворид мешаванд. Феълан дар хазинаи сабтҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қариб 3 ҳазор нусха намунаи матни фалак ва сабти овозии он мавҷуд аст, ки онҳоро тайи асрҳои гузашта халқ эҷод кардааст. Феълан дар дасти олимони тоҷик қариб 3 ҳазор нусха намунаи матни фалак мавҷуд аст, ки онро халқ эҷод кардааст ва ин аз “Иллиадаву Одисея”, “Гӯрғулӣ”-ву “Алпамиш” ва “Манас” кам нест. Имрӯз  масалан, ҳамсояҳои мо омӯзиши “Алпамиш” ва “Манас”-ро ҷузъи барномаи таҳсилоти олӣ кардаанд, гӯш кардани мусиқии мақомҳоро ба барномаҳои макотиби миёна ҷорӣ намудаанд. Ин таҷибаро мо низ бояд истифода намоем.

Эҳёи “Шоҳномахонӣ”

— Шумо аз “Манасхонӣ” ёдовар шудед. Маълум аст, ки дар гузашта байни мардум, хусусан дар деҳот маҳфилҳои хоси “Шоҳномахонӣ” амал мекарданд.  

— Бале. Фолклоршиносони тоҷик Раҷаб Амонов, Баҳром Шермуҳаммадов, Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ ва дигарон ҳанӯз солҳои 50 муайян  карда буданд, ки дар ҷануби Тоҷикистон ва водии Зарафшон суннатҳои “Шоҳномахонӣ” роиҷ будааст, ки ҳоло мутаассифона аз байн рафтааст. Имрӯз, ки бо ибтикори Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби “Шоҳнома” ба ҳар хонавода дастрас мешавад, бояд ҳамзамон анъанаи “Шоҳномахонӣ”-ро эҳё кард. Ва “Шоҳнома”-ро шояд на танҳо услуби қироат, балки ба воситаи овоз, бо оҳанг хондан лозим аст, ки таъсири онро даҳчанд мекунад.

— Чанд сол қабл аз барномаҳои радио як навъи аҷиби шоҳномахониро бо овоз шунида будам. Баъдан маълум шуд, ки Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Сорбон онро месароянд. Шумо онро шунидаед ва нисбати он чӣ андеша доред?

— Бале, он давра банда низ дар маҳфили “Шоҳномахонӣ” дар радио ширкат мекардам. Воқеан устод Сорбон ягона нафаре буданд, ки шоҳномахониро бо услуби дигар, яъне бо оҳанги аҷоиб иҷро мекарданд. Он оҳанг такрор ва тақлид набуд, балки як сабки хоси қадимиро мемонд. Пас аз пахши барнома баҳсҳо низ шуд, вале устод Лоиқ якумин шуда ин услубро дастгирӣ намуданд. Ҳамин тавр, байни шунавандагони радио низ қабул шуд.

Кӯшишҳои беҳуда…

— Шумо дар боло зикр намудед, ки пермоуни мероси фарҳангӣ муттаҳид шудани давлатҳои туркзабон бадӣ надорад. Вале ба назар мерасад, ки дар баъзе ҳолатҳо ҳаракатҳои соф беасоси тақсими мероси фарҳангии Осиёи Марказӣ бештар шудаанд. Магар ин ба зарари мо нест, ки осори Шашмақом, мероси таърихӣ ва илмии моро дигарон моли худ кунанд?

— Ба ёд биёред, ин гуна кӯшишҳо дар оғози қарни гузашта ҳам буданд, ҳатто дар нашри аввали силсилаи Шашмақом (Москва, 1924) бо сабабҳои муғризона матни тоҷикии мақомҳоро аз зери нотаҳои чоп бардоштанд, лекин соли 1950 ин шоҳасари мусиқии тоҷик бо ташаббуси аллома Бобоҷон Ғафуров ва устод Айнӣ аз нав дар Москва бо хати заррин дар панҷ ҷилд чоп шуд. Яъне кӯшишҳои инкор намудани мероси мо ҳамеша беҳуда буданд. Аммо агар ба моҳияти ин масъала чуқуртар назар кунем, аён мешавад, ки ин як навъ ҳаракатҳо имрӯз низ ба хотири рушди маънавият ва худшиносии давлатҳои туркзабон аст. Бубинед, дар Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон мусиқии Шашмақом роиҷ нест, он ҷо оҳангу навоҳои хоси худашон ҳаст. Шашмақом танҳо дар Ӯзбекистон маъмул аст, он ҳам маҳсули ҷараёни пайдоиши назми классикӣ ба забони туркӣ (эҷодиёти Алишер Навоӣ, Лутфӣ, Саккокӣ ва ғайра) мебошад.

Итминони комил дорам, ки рӯйи масоили сиёсиву иқтисодӣ гирд омадани кишварҳои туркзабон ба рушди бемайлони фарҳанги пурқудрати мо осеб расонида наметавонад, зеро фарҳанг, падидаҳои он зимни риояи қонуниятҳои хоси худ рушд мекунанд. Шашмақомро аз худ намудан, иҷро кардан, тарғиб кардани ҳунармандони кишварҳои дигар хуб аст, вале онҳо онро соҳибӣ карда наметавонанд, фалаку шашмақом аз қадим соҳиб доранд ва ин факти таърихиро касе инкор карда наметавонад.

Масалан, дар Аврупо чунин баҳсҳо, яъне ба кадом миллату кишвар тааллуқ доштани мероси Бетховену Мотсарт вуҷуд надоранд, зеро аврупоиҳо прагматик ҳастанд ва кайҳо дарк кардаанд, ки чунин баҳсҳо фоида надоранд.

Мисли садсолаҳо минбаъд низ мусиқии Шашмақом бо ҳамовозии назми классикӣ ва муосири тоҷик рушд хоҳад ёфт.

Албатта, бояд эътироф кард, ки имрӯзҳо аз нав ҳаракатҳои “ҷомаро ба сӯйи пойи худ кашидан” бедор шудаанд, ин амали баъзе аз нафаронеанд, ки сиёсатро аз илму фарҳанг фарқ карда наметавонанд. Масалан, даъво болои мероси илмии Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ё худ Абунасри Форобӣ. Ин касалӣ ҳанӯз аз даврони шӯравӣ оғоз шуда буд. Хизмати хирсонаи идеологияи шӯравӣ ин буд, ки фарҳанги Осиёи Миёнаро бо шеваи “Всем сестрам ба сергам” “тақсим” кард. Ин кори онҳо мисли гузоштани “бомбаи зеризаминӣ” буд, ки зарараш дар даврони соҳибистиқлол шудани кишварҳо низ мушоҳида мешавад. Он замон аксари ҳамон сиёсатмадорон аз мазмуну муҳтавои мероси ин бузургон заррае ҳам дарак надоштанд. Имрӯз дар Тоҷикистон “Қонуни тиб”-и Сино ба забони модариаш нашр шуд ва соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни байналмилалии санъати китоб гардид. Илми мусиқии Сино ба забони тоҷикӣ омодаи нашр аст, осори Форобӣ низ дарак аз он медиҳад, ки олими бузург дар китобаш оҳангҳои Бухоро, танбӯри тоҷикиро тасвир намудааст.

Ҳоло баъзан ақидаҳое пайдо шудаанд, ки меросро муаллифон ба кадом забоне нанавишта бошанд, он мероси ҳамин сарзамин ба шумор меравад. Ин ғоя ҳам нодуруст аст. Ҳазор сол ҳам гузарад, Ибни Сино ҳамчун шоири тоҷикзабон, ҳамчун фарзанди миллати тоҷик, ҳамчун соҳиби мероси бузурги илми ҷаҳонии ҳам тиб, ҳам фалсафа, ҳам риёзиёт, ҳам мусиқӣ мемонад. Вайро иваз карда намешавад.

— То ҷое медонам, шумо чанд сол аст, ки ба омӯзиши рисолаи мусиқии Сино машғул ҳастед. Он рисола барои ҳалли ин баҳсҳо чӣ мавод дорад?   

— Бале, ҳоло банда рисолаи мусиқии Ибни Синоро ба чоп омода кардаам. Сино дар ин рисола дар бораи “Дувоздаҳмақом”, хоса дар бораи мақомҳои Исфаҳон, Рост, Салмак — яке аз шуъбаҳои Дувозадҳмақом шарҳ менависад. Ин асар дар асри 10 ва аввали 11 таълиф шудааст. Маълум аст, ки дар он давра дар бораи Дувоздаҳмақом дар илми мусиқӣ сухане набуд, вале маҳз Ибни Сино онро оғоз карда, доир ба мақоми “Мустақим” (тоҷикиаш — Рост) маълумоти дақиқ меорад.

Инчунин дар ҳамин рисола Сино дар бораи сози мусиқии Барбат менависад, ҳол он ки он замон алакай бо таъсири арабҳо ин соз номи удро гирифта буд. Вале Ибни Сино қасдан номашро Барбат мегӯяд. Ӯ мисли Ал-Киндӣ ё худ ҳаким Фирдавсӣ решаҳои пайдоиши мусиқиро омӯхта буд, бинобар ин номи паҳлавии Барбатро истифода бурд. Дар асоси ҳамин хулосаҳо мегӯем, ки баҳсҳои талоши мерос беҳуда аст ва ба манфиати касе наст.

— Мо ин ҳарфҳоро имрӯз бештар барои худамон мегӯем, яъне дар деги худамон меҷӯшем. Ҳол он ки ҳоло асри расонаҳо, асри шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Чӣ кор кунем, ки дар чунин шароит аз худ дифоъ кунем ва мероси худро тарғиб карда тавонем?

— Хушбахтона, мо имрӯз захираҳои хеле бузурги ақлониву зеҳнӣ дорем, мо соҳиби хазинаи бузурги сарчашмаҳои хаттӣ оид ба таъриху фарҳанг ҳастем, истеъдодҳои нодир дорем. Аз ин рӯ зарур аст, ки ҳамин имкониятҳоро муттаҳид намуда, фаъолона вориди муборизаҳои иттилоотӣ шавем.  

Имрӯз тамоми сарчашмаҳои илмӣ, ки дар дохил ва хориҷи кишвар ҳастанд, бояд мавриди таҳқиқи мӯшикофона қарор бигиранд. Бо истифода аз интернет аз онҳо нусха бардошта, таҳқиқ карда, дастраси мардум кардан лозим. Ҳатто шунидани он ки олимони тоҷик хазинаи Британияро омӯхта истодаанд, бояд ғулғула афканад. Вале мо бепарво ҳастем. Ба қавли маъруф, “мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем”. Гузаштаи худро намеомӯзем. Мисол дар бораи Форобӣ. Ӯ дар бораи илми мусиқӣ китоб дорад, ки ҳаҷми он 500 саҳифа аст. Қазоқҳо дар Маркази форобишиносӣ чанд бобашро ба русӣ тарҷумаву нашр карданд. Матни пуррааш ба англисӣ ва фаронсавӣ тарҷума шудааст. Дар Ғарб медонанд, ки Форобӣ дар бораи мусиқии Бухоро чӣ гуфтааст, вале мо бепарво ҳастем. Форобӣ дар Бухоро ба воя расидаву таълим гирифтааст, илми мусиқиро омӯхтааст ва танҳо пас аз ин ба Бағдод рафт ва ин китобро иншо кард. Ӯ дар тавсифи танбӯр мегӯяд, ки танбӯр ду навъ мешавад — бағдодӣ ва хуросонӣ. Танбӯри хуросонӣ гуфта, сураташро кашида, шарҳ додааст. Ду танбӯрро шарҳ доданаш чӣ маънӣ дорад? Ӯ ки фарзанди хуросонӣ буд, дар Бағдод зиндагӣ карда, решаашро фаромӯш накардааст, ӯ садои танбӯрро фаромӯш накарда буд. Ё вай тарзи ҷӯр кардани удро мегӯяд. Менависад, ки боз тарзи дигари ҷӯр кардани уд ҳаст — тарзи бухороӣ. Худатон қазоват кунед. Тарзи даштӣ ё қипчоқӣ нагуфтааст…

— Шумо солҳои охир ба таҳқиқи сарчашмаҳо машғулед. Ҳам Рисолаи мусиқии Ҷомӣ, рисолаи Дарвешалии Чангӣ ва чанд манбаъи муҳимро таҳқиқ ва таҳия кардед. Вале ғайр аз шумо ба ин кор касе машғул нест. Чаро?

— Барои бо сарчашмаҳои мусиқӣ кор кардан забони форсӣ, пеш аз ҳама забони арабӣ ва хати ниёгонро ба таври комил донистан зарур аст. Чун хатҳои гуногун ва хаттотҳои гуногун мавҷуданд. Хаттотҳо вақти рӯнавис илова ва ихтисор мекунанд. Яъне барои омӯхтани он бисёр дарди сар шудан лозим аст. Ба бахти ман вақте дар Консерваторияи Тошканд таҳсил мекардем, ба мо аз фанни забони хориҷӣ дарсҳои ихтисосӣ ташкил карда буданд. Аммо мутаассифона дар барномаи консерватория дарсҳои ғайриихтисосӣ 70 фоиз, дарси ихтисосӣ 30 фоиз. Дар коллеҷҳои санъат низ вазъият ҳамин тавр аст.

Дарси устоду шогирд

— Мо дар бораи кадри илмӣ гуфтем, вале ба назарам дар соҳаи санъат низ вазъият хуб нест. Барои мисол дар “Шашмақом” солҳои охир ҷуз чанд нафар ба мисоли Хуршед Иброҳимзода чеҳраи равшан надорем.

— Сабаб дар он аст, ки шуруъ аз солҳои навадум тарбияи кадрҳои соҳаи “Шашмақом” аз доираи таълимгоҳҳои давлатӣ берун рафта буд. Ташкили Академияи шахсии мақом дар Хуҷанд, ки баъдан сарпарастии онро Бунёди Оғохон ба дӯш гирифт, як муддат ба тарбияи мақомсароён машғул шуда буд. Роҳбари ин академия Абдувалӣ Абдурашидов буд ва дар тарбияи сарояндагону навозандагон роҳи дигарро пеш гирифтанд. Яъне онҳо услуби шашмақомхониро ба услуби Тошканду Фарғона наздик карданд. Он давра устод Муҳаммадҷон Шакурӣ гаштаву баргашта таъкид карда буданд, ки услуби Шаҳобову Соҳибов ва Барноро гум накунед. Ин услуби Бухоро аст ва маҳз мо вориси асосии ҳамин услуб ҳастем. Бубинед, сухан аз боби услубҳо меравад, на мансубияти миллӣ. Яъне услуби Фарғона ҳам ягон камбудӣ надорад ва мо медонем, ки он яқинан зери таъсири завқи амирони манғитӣ ва хонигарии Хуқанд пайдо шуда, густариш ёфтааст. Вале мо меросбари Бухоро ҳастем. Айни замон дар Консерватория ин услуб омӯхта мешавад.

— Имрӯз мебинем, ки баъзе ҳунармандони кишвари ҳамсоя низ бо услуби хоси бухороӣ месароянд…

— Бале, дуруст аст, зеро мусиқӣ падидаи зинда аст ва иҷрои онро сарҳад мондан ғайриимкон аст. Дар қарни гузашта дар Тошканд ҳунармандони яҳудитабор зиёд буданд, аз қабили Сироҷ Аминов, Эзро Малаков, Берта Давидова, ки бо услуби Бухоро мехонданд. Таҳти таъсири инҳо бархе аз сарояндагони Тошканд низ бо услуби Бухоро месароянд. Ин хуб аст, ки услуби қадимии мақомсароӣ ҳифз мешавад. Аммо имрӯз мо мутаассифона услуби Хуҷанду Исфараро наздик аст, ки ба фаромӯшӣ барем. Ҳол он ки, Содирхон Ҳофизи Хуҷандӣ, Умар Ҳофиз ва Худойбердӣ Ҳофизи исфарагӣ, ки тахаллусаш Зебопарӣ аст, мақомсароёни бузурги соҳибмактаб буданд. Масалан, Умар Ҳофиз асосгузори мактаби сарояндагии Исфара буд ва Мулло Тӯйчӣ Тошмуҳаммадов дар Тошканд ҳамчун устоди Шашмақом эътироф шудааст, шогирди Умар Ҳофиз аст.

— Яъне маҳз дар ҳамин асос шумо боби машҳури Шашмақомро, ки ҳамчун “Ушшоқи Мулло Тӯйчӣ” маъруф аст, Ушшоқи Умар Ҳофиз ё “Ушшоқи Исфара” мегӯед?

— Бале. Ин ақида таърихи дурудароз дорад. Дар китобҳои “Таърихи мусиқии тоҷик” ва ҷилди аввали “Мақоми рост” ҳам мо дар ин хусус маълумот овардаем. Медонем, ки масалан, Умар Ҳофиз як умр дар Исфара зиндагӣ кардааст ва шогирдонаш аз Тошканду Хуҷанд ва Хӯқанд омада, назди ӯ таълим мегирифтанд. Хони Хӯқанд Амир Умархон шоир, навозанда ва тамбӯрӣ буд. Ба Шашмақом таваҷҷуҳ дошт. Хӯқанд дар он давра маркази маъмурӣ буд, вале Исфара маркази фарҳангӣ. Мулло Тӯйчӣ назди Умар Ҳофиз таълим гирифта, ушшоқро аз ӯ омӯхтааст, яъне шубҳае нест, ки  муаллифаш Умар Ҳофиз аст.

— Ҳозир аз байни ҷавонҳо шашмақомхони ояндадор дорем?

— Ҳозир дар Консерваторияи миллӣ таълими Шашмақом хеле ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Консертҳои донишҷӯён нишон медиҳад, ки мо акнун ба асл бармегардем, медонем, ки ситора сохтан ва ҳофизи сатҳи Барно Исҳоқова, Шоҳназар Соҳибов, Аҳмад Бобоқулов омода кардан осон нест. Имрӯз бояд мо тарқи инфиродӣ ба таълими ин ё он истеъдод муносибат намоем. Дар солҳои 80-ум банда мудири кафедраи мусиқии шарқи Донишакади санъат будам, аз ҳамон давра Ҳаётой Муминова, Лола Азизова, Хосият Ортиқова, Сабоҳат Наҷмиддинова, Озода Ашӯрова ва Олим Бобоевро тариқи таълими инфиродӣ ба устодон вобаста кардем. Бубинед, ҳамаи инҳо ба дараҷаи баланд расиданд, зеро инфиродӣ дарс мегирифтанд. Ин усули устод — шогирд таърихи қадимӣ дорад.

Ин рӯзҳо мегузаранд…

— Феълан таваҷҷуҳ ба мусиқии суннатӣ кам аст. Сабаб чист?

— Бояд эътироф намуд, ки завқи мусиқишунавоии мардум дигар шудааст, вале ин гузаранда аст. Барои шинохти арзишҳои миллӣ равона кардани ҷавонҳо як рӯз не як рӯз самара медиҳад. Ҳоло ҷавонҳо Маснавӣ мехонанд, Шоҳнома мехонанд, озмунҳои ҷумҳуриявӣ нишон додаанд, ки таваҷҷуҳи ҷавонон ба фарҳангу маънавият хеле зиёд шудааст, 30-40 сол пеш онро намедонистанд. Насли нави ҷавонҳои Тоҷикистон дигар мешаванд.

— Вале ифротгароӣ зиёд мешавад.

— Сабаб дар он аст, ки гурӯҳҳое, ки манфиатдоранд, фаъолона кор карда истодаанд ва тавассути расонаҳо шабу рӯз ба таъсиррасонӣ машғуланд. Ин қудратҳо маҳз фазои холигии дунёи маънавии ҷавононро мехоҳанд пур кунанд.

— Шумо сурудҳои мушҳури солҳои охирро гӯш мекунед. Медонед, ки дар тӯю маъракаҳо чиҳоро гӯш мекунанд?

— Ман на танҳо пайгирӣ, балки таҳлил ҳам мекунам. Ин таъсири замон аст. Дар тамоми дунё имрӯз ин ҷараён идома дорад. Ҷойгоҳи “Попмузик”, яъне мусиқии авомона дар фазои фарҳангӣ хеле фарох шудааст. Мусиқии асил, оҳангҳои устодона, асарҳои композиторон камтар тарғиб мегардад. Як замон дар донишгоҳи Гумболди Олмон аз донишҷӯён суол мекардам, ки аз мусиқии композиторони олмонӣ чиҳоро гӯш мекунед? Ҷавоб мегуфтанд, ки Бетховен, Бах, Мотсартро мешиносанд, вале асарҳояшонро гӯш намекарданд. Ин ҳолат, яъне эътибори мусиқии оммавӣ дар тамоми дунё ҷараён дорад. Мардум маблағи калон дода, чунин сурудҳоро фармоиш медиҳанд. Ин гузаранда аст. Санъат қонуниятҳо дорад, ки гоҳо ба худ фурӯ меравад, вале чун ғуча мешукуфад, барои ин завқи мардумро тарбия намудан лозим. Ҳоло дар мамлакат Консепсияи нави таҳсилот татбиқ мешавад, ба он ҳатман бояд ҷойгоҳи дарсҳои суруду мусиқӣ, санъати тасвирӣ, асосҳои фарҳангшиносӣ ворид шаванд. Ҳоло дар аксари мактабҳо дарси суруд нест, гоҳо соати дарсӣ ҳаст, аммо муаллим нест, ё худ асбоби мусиқӣ нест. Дар ҳамаи мактабҳо бояд сози мусиқии пианино вуҷуд дошта бошад, синфхонаи махсуси мусиқӣ бошад. Дар замири наврасон маҳз бо хондани суруду таронаҳои миллӣ ва асарҳои замонавӣ эҳсоси волои ватандӯстӣ баланд меравад.

Эҳёи Гӯрғулӣ

— Шумо дар аввали суҳбат дар бораи гӯрғулӣ ишора кардед. Оё дуруст аст, ки мо ин санъати қадимиамонро аз даст додаем?

— Бале, имрӯз танҳо 2-3 нафар сарояндагони он мондааст.

Замоне донишмандони мо исрор мекарданд, ки он моли мо нест.

— Не, ин фикр мутлақо ботил аст. Биёед ба факту рақам муроҷиат кунем. Достонҳои Гӯрғулӣ наздики як миллион мисраъ матнро дар бар мегиранд. Чанд миллион мисраъи дигари онро сабт накардаем, намедонем. Оё танҳо аз рӯйи ҳамин як миллион мисраъ, ки ба забони тоҷикӣ эҷод шудааст, ба кӣ тааллуқ доштани гӯрғулӣ маълум нест? Ин ҳаҷмаш. Акнун мазмуну мандариҷааш, қаҳрамонҳояш, номи қаҳрамонҳояш, номи аспҳо, номи ҳодисаҳо, номи муборизаи аҳли Чамбули мастон ба рағми тохтутозҳои қипчоқ магар дарак аз номуси аҳолии маҳаллӣ намедиҳанд?

— Оё имрӯз имкони эҳёи гӯрғулӣ ҳаст?

— Ҳама гуна имконият ҳамеша ҳаст. Баъзеҳо мегӯянд, ки шароит, муҳити таърихӣ лозим нест. Замоне кӯшиш карда будем, ки мактаби хусусии гӯрғулихонӣ бо кумаки фонди Шветсария таъсис диҳем. Чанд нафар донишҷӯёнро ҷамъ кардем. Як кӯшиш шуд, вале натиҷа надод. Албатта таъсири муҳит ҳаст. Таҷрибаро зинда кардан лозим. Мавҷуд набудани иҷрогарони гӯрғулӣ маънии онро надорад, ки мо ин ҳамосаи бузурги миллат, яъне сарчашмаи муҳими хотираи инсониятро фаромӯш созем. Ҳоло имконияти тарғиби ин ҳамоса бо истифода аз технологияи замонӣ мавҷуд аст.

Мусоҳиб: Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *