Боми мактаб фурӯ рафт. Хонандагон дар куҷо буданд?

Рӯзи 11-уми феврал боми мактаби рақами 31‑и деҳаи Ваҳдати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фурӯ рафт.

Дар пайи ин фурӯравӣ Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш гуфт, ки он замон хонандагон дар мактаб будаанд, вале Вазорати маориф дар хабарномае рӯзи 12-уми феврал гуфт, ки қабл аз фурӯравӣ тамоми хонандагону омӯзгорон, ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва мизу курсиҳо аз бино берун карда шудаанд.

Гуфта мешавад, биное, ки бомаш фурӯ рафт, аз шаш синфхона иборат буд ва дар он ҷо 258 нафар хонандагони синфҳои 5, 8, 10, 11 таҳсил мекарданд. Дар ин ҳодиса як синфхона ва утоқи кории директор хароб шудааст.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илм, дар мактаби рақами 31-и ноҳияи Ҷомӣ ба 769 хонанда 34 нафар омӯзгор таълим медиҳанд. Ин бино аз се қисм иборат буда, қисме, ки бомаш фурӯ рафт, соли 1957 сохта шуда будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *