Бонки ҷаҳонӣ фақрро дар Тоҷикистон 20% мегӯяд, мақомот розӣ не…

Бонки Ҷаҳонӣ иддао дорад, ки сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар пайи беҳбуди вазъи иқтисодии сокинон то 20 дар сад коҳиш ёфтааст.

Аммо мақомот мегӯянд, ки ҳанӯз 27 дар сади аҳолӣ камбизоатанд. Қаблан Бонки Ҷаҳонӣ мизони фақрро дар Тоҷикистон 29 фисад ҳисоб карда буд.

«Фақр ҳамчунон мушкили ҷиддист»

Вилям Зайтс, иқтисоддони Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфт, тибқи пажӯҳиши охири ин ниҳоди молии байналмиллалӣ сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 20 дар сад коҳиш ёфтааст. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, дар солҳои охир мизони интиқоли пули муҳоҷирон ба таври чашмрас коҳиш ёфта, фақр дар кишвар ҳамчунон мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад.

Ин иқтисоддон дар охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе гуфт, «ҳукумати Тоҷикистон мизони ҷубронпулӣ ва сатҳи маоши кормандонро боло бурд ва ин амр то ҷое коҳиши маблағи муҳоҷирони кориро ҷуброн кард».

Ба гуфаи ӯ, тибқи ҳисоби онҳо, феълан сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон баробари 20 дар сади аҳолӣ мебошад ва онҳо меъёри камбизоатӣ барои сокинонро 3,3 доллар дар як рӯз барои як нафар муайян карданд. «Ҳамзамон мо ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардем, ки аз рӯйи чунин меъёр камбизоатҳо дар кишварро ҳисоб кунанд, зеро вазъи феълии иқтисодии сокинони Тоҷикистон ба чунин меъёр мутобиқ мебошад», — афзуд ӯ.

Сатҳи фақр болотар аз он аст, ки БҶ мегӯяд»

Аммо Қиёмиддин Давлатзода, муовини мудири Кумитаи омори Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, миқдори сокинони фақири кишварро тибқи нишондоди 1,9 доллар барои як нафар дар як рӯз анҷом медиҳанд.

 

Вай афзуд, «Бонки Ҷаҳонӣ чунин талаб дорад, вале мо дар кори худ аз тасмими мақомоти Тоҷикистон амал мекунем. Тибқи баровардаҳои мо, феълан сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон баробари 27 дар сади аҳолӣ мебошад».

Мақомоти тоҷик иддао доранд, ки дар солҳои баъд аз касби истиқлол онҳо тавонистаанд сатҳи камбизоатиро дар кишвар аз ҳудуди 70 то ба 30 дарсад коҳиш диҳанд. Аммо соҳибназарон мегӯянд, дар расидагӣ ба ин нишондод саҳми кумакҳои байналмилалӣ ва пули интиқолдодаи муҳоҷирон аз Русия бештар аст.

Бонки Ҷаҳонӣ низ иддао дорад, ки барои комёбӣ дар ин масъала ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст ҷойҳои кории бештар таъсис диҳад, то сокинон тавонанд маоши муносиб дошта бошанд. Мақомот қаблан гуфта буданд, ки дар ду соли охир ҳудуди 200 ҳазор соҳибкори тоҷик кори худро канор гузоштаанд.

Чаро мақомот сатҳи камбизоатиро зиёд нишон медиҳанд?

Дар ҳамин ҳол, Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, эҳтимоле вуҷуд дорад, ки мақомоти тоҷик ба хотири пайдо кардани кумакҳои бештари созмонҳои байналмилалӣ ба баланд нишон додани сатҳи камбизоатӣ манфиатдор бошанд. Зеро, дар ин сурат, ба гуфтаи ӯ, ба Тоҷикистон миқдори қобили таваҷҷӯҳи кумакҳои бебозгашт ворид хоҳанд шуд.

 

Бо ин вуҷуд, вай афзуд, «бештар моил ҳастам, ки ба омори ҳукумати Тоҷикистон эътимод кунам. Зеро, ҳар як ҳукумат манфиатдор аст, дастоварди худро дар мубориза бо камбизоаӣ ба ҷомеа нишон диҳад. Хеле мехостам, ки дар раванди пажӯҳиши камбизоатии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ширкат дошта бошам, то бубинам, ки онҳо чунин оморро чӣ гуна ба даст овардаанд».

Албатта, Бонки Ҷаҳонӣ барои тасдиқи дурустии натиҷаҳои паӯҳиши худ далелҳоеро пешниҳод кард. Аммо сӯҳбатҳои сарироҳии хабарнигорони Радиои Озодӣ бо сокинон нишон дод, ки ҳанӯз фақр дар Тоҷикистон мушкили умдаи ҷомеа дониста мешавад.

Зеро, сокинон ба ин савол, ки оё имкон дорад як нафар дар як рӯз ба 3,3 доллари амрикоӣ ё ҳудуди 30 сомонӣ зиндагӣ кунад, гуфтанд, ки ин маблағ танҳо барои харидории ғизо мерасаду бас.

Аммо барои харидани либосу ашёи дигари зарурӣ барои зиндагӣ ҳатто ин миқдор маблағ кофӣ нест. Пурсишҳои мо дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе сурат гирифт ва гуфтаи ҳамсӯҳбатон, вазъ дар манотиқи рустоии Тоҷикистон боз ҳам нигаронкунанда мебошад.

 

Искандари Фирӯз

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *