«Бонки Эсхата» якум шуд

Дар доираи барномаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Бонки миллии Тоҷикистон бо Фонди олмонии хазинаҳои амонатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ аз 28 март то 1 апрели соли равон дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон мусобиқаи «Ҷоми бонкҳо» баргузор ва ҷамъбаст гардид. Дар ин бора аз Бонки миллӣ хабар доданд.
Тавре ки манбаъ иттилоъ дод, мақсад аз баргузории ин сабқати иқтисодӣ, ки бо иштироки панҷ даста аз бонкҳои кишвар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата», Ҷамъияти саҳомии пушидаи «Аввалин бонки молиявии хурд», Ҷамъияти саҳомии пушидаи «Казкоммертсбонк» ва Ҷамъияти саҳомии пушидаи «АксесБонк Тоҷикистон» гузаронида шуда буд, ки ин баланд бардоштани маҳорати идоракунии кормандони роҳбарикунандаи зинаҳои болоӣ ва миёнаи бонкҳо ба ҳисоб меравад.
Дар рафти сабқат аз ҷониби дастаҳо ҷанбаҳои муҳими бонкӣ аз қабили банақшагирии пардохтпазирӣ, тарофаҳо оид ба амалиётҳои дороиҳо ва уҳдадориҳо, таҳлили нишондиҳандаҳои бонкӣ, стратегияи бонкӣ, банақшагирӣ ва бозомӯзии кормандон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳар дастаи иштирокчӣ бо барномаҳои шартии тавозуни ҷудогонаи солона ва нишондиҳандаҳои ба он вобаста дар панҷ давра фаъолияти ташкилоти шартии худро муаррифӣ намуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар ҷараёни мусобиқа миёни панҷ даста — дастаи ҶСК «Бонки Эсхата» тибқи талаботи ҷорӣ дар асоси маълумотҳои ҷойдошта идоракунии дуруст ва самараноки бонки шартиро таъмин намуда, бо муаррифии беҳтарин барнома дар ин сабқати бонкӣ ғолиб дониста шуда, соҳиби «Ҷоми бонкҳо» гардид.
Дастаҳои ҶСП «Казкоммертсбонк» ҷои дуввум, ҶСП «АксесБонк Тоҷикистон» ҷои сеюм, БДА ҶТ «Амонатбонк» ҷои чаҳорум ва ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» ҷои панҷумро касб намуданд.
Қобили қайд аст, ки баргузории чунин мусобиқаҳо байни бонкҳо ба рушди низоми бонкӣ ва беҳтар шудани маҳорат ва малакаи касбии кормандони ташкилотҳои қарзӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *