Бонки миллӣ 3 бартарии ММП-ро шарҳ дод

Мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон чанд бартарии Маркази миллии протссенгии интиқоли маблағҳоро шарҳ доданд.

Тавре ки маркази матбуоти Бонки миллӣ мегӯяд: “Якум, то имрӯз, агар шумо аз Душанбе, масалан тариқи “Бонки Эсхата” ба Хоруғ маблағ мефиристодед, маблағро танҳо аз “Бонки Эсхата” метавонистед гиред. Агар дар Хоруғ “Бонки Эсхата” набошад, гирифта наметавонистед. Баъди фаъол шудани ММП ин мушкил бартараф шуд ва шумо маблағро аз дилхоҳ бонкҳое, ки дар Хоруғ ҳастанд, дастрас карда метавонед.

Дуюм, шумо дар ягон маҳалли дурдаст ноогоҳ аз қурби расмии пул бояд интиқоли аз Русияшударо ба даст оред. Он ҷо корманди бонк ба шумо мегӯяд, ки қурби мубодила 145 сомонӣ барои 1000 рубли русӣ аст, аммо дар асл шуморо фиреб медиҳад, чун қурб 150 сомонӣ барои 1000 рубл аст. Шумо ба корманди бонк бовар карда, бо ҳамон қурб маблағатонро мегиреду меравед. Ҳоло ин ҳаннотӣ имкон надорад, зеро ММП ба ҳама ташкилотҳои қарзӣ дар реҷаи воқеӣ (онлайн) қурби интиқолро пешниҳод менамояд.

Сеюм, вақте шумо ба назди корманди дилхоҳ бонк меравед, аз шумо пурсида мешавад, ки аз кадом низоми пардохт пул омадааст. Шумо, масалан, мегӯед, ки “Юнистрим”. Корманди бонк сафҳа ё терминали “Юнистрим” – ро боз мекунад. Пас аз шумо як нафари дигар меояд, мегӯяд, ки маблағаш аз “Вестерн Юнион” аст. Корманди бонк маҷбур аст, ки аз сафҳаи “Юнистрим” баромада, ба сафҳаи “Вестерн Юнион” ворид шавад. Табиист, ки барои ин вақти зиёд зоеъ ва хизматрасонӣ кунд мешавад. Ҳоло чунин нест. Дар сафҳаи умумӣ, ки ММП эҷод кардааст, ҳисоботи ҳамаи низомҳо пайдо мешавад ва корманди бонк аз як сафҳа ҳамаро дида, хизмат мерасонад”.

Ёдрас мешавем, ки ҳоло танҳо “Юнистрим” ва “Контакт” расман фаъолият мекунанд ва шаҳрвандони кишвар тариқи ин операторон маблағҳои худро интиқол дода истодаанд. Интизор меравад, ки  “Вестерн Юнион” ҳам то 20 декабри соли ҷорӣ ба ММП пайваст шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *