Бонки миллӣ “Алиф”-ро 500 000 ҷарима баст. Соли оянда боз санҷиш!
Бонки миллии Тоҷикистон дар кори бонки «Алиф» камбудиҳои зиёд дарёфта, ин муассаи молиро 500 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Фаъол набудани шӯрои нозирон, кумитаи аудит ва кумитаи идоракунии хавфҳо аз ҷумлаи камбудиҳо дар ин бонк унвон мешаванд.
Абдулло Қурбонов, раиси бонки «Алиф» 20-уми июн дар Фейсбук навишт, ки камбудиҳоро санҷишгарони Бонки миллӣ ҳангоми тафтиши кори нимсолаи онҳо ёфтаанд. Ӯ гуфт: «ҳар ташкилоти қарзӣ дар камтар аз як сол бояд аз санҷиши ҳамаҷонибаи Бонки миллии Тоҷикистон гузарад, то ба дуруст будани фаъолияти худ бовар ҳосил кунад. Ба наздикӣ мо низ аз чунин тафтиш гузаштем.»
Қурбонов ифшои ин маълумотро дар шабакаҳои иҷтимоӣ «шаффофияти кор» ва «масъулияти бонк дар назди ҷомеа» донистааст. Тафтиши ояндаи «Алиф» соли дигар сурат хоҳад гирифт.
«Алиф» моҳи январи имсол ҳамчун бонк ба кор оғоз кард. То он вақт ба ҳайси ташкилоти амонативу қарзии хурд фаъолият дошт ва хариди молу ашёи рӯзгор аз дӯконҳову фурӯшгоҳҳоро ба таври насия ва бе пардохти баҳра ба роҳ монда буд.
Ҳоло тибқи маълумоти оморӣ, шумораи бонкҳои кишвар ба 17 адад расидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ