Бонки миллӣ фоизи қарзро паст кард
Дар Тоҷикистон барои поён бурдани фоизи қарзҳо гуруҳи корӣ таъсис ёфтааст.
“Гуруҳи корӣ бевосита бо роҳбарони ташкилотҳои қарзию молиявии кишвар ҷаласаҳои корӣ баргузор намуда, бозбинӣ кардани фоизи қарзҳоеро, ки ба шаҳрвандону соҳибкорон пешниҳод мегарданд, баррасӣ менамояд”, — гуфтааст Гулбаҳор Назирӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Вай таъкид кардааст, ки дар панҷ соли охир меъёри миёнавазни қарз дар Тоҷикистон бо пули миллӣ аз 28 то 23% ва бо асъори хориҷӣ аз 22 то 11% паст карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ