Бонки миллӣ ба кор даъват менамояд

Дар Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли ду вазифаҳои холӣ озмун эълон карда шудааст. Тавре ки дар сомонаи Бонки миллӣ омадааст, дар шуъбаи банақшагирии молиявӣ ва таҳлил сармутахассис 1 ҷой лозим буда, талабот нисбат ба номзад чунин аст: таҳсилоти олии иқтисодӣ/молиявӣ, доштани малакаи хуби таҳлилгарӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳо, донистани асосҳои Стандартҳои байналмилалии ҳисоботҳои молиявӣ, малакаи касбии кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, PowerPoint ва дигар барномаҳо), донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад), доштани таҷрибаи корӣ дар бахши молиявӣ/ҳисобдорӣ на камтар аз 5 сол (фаъолият дар бахши банақшагирии молиявӣ афзалият дорад).
Ичунин, барои мутахассиси пешбар 1 ҷой ҷойи холӣ вуҷуд дошта, талабот ба номзад чунин аст: таҳсилоти олии иқтисодӣ/молиявӣ, доштани малакаи хуби таҳлилгарӣ дар таҳия ва омода намудани ҳисоботҳо, малакаи касбии кор дар компютер, донистани барномаҳои Ms Office (Word, Excel, PowerPoint ва дигар барномаҳо), донистани забонҳои давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад), доштани таҷрибаи корӣ дар бахши молиявӣ/ҳисобдорӣ на камтар аз 3 сол.
Таъқид мегардад, ки довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои дахлдорро ба комиссияи озмун ба нишонии ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А, Идораи кормандон пешниҳод намоянд. Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 9 октябри соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *