Бонки Олмонии рушд барои сохтмони НБО -и «Себзор» 44,4 миллион евро медиҳад
Бонки Олмонии рушд барои сохтмони НБО-и «Себзор» 44, 4 миллион евро грант ҷудо мекунад.
Дар доираи ин грант 25 июл байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» Созишнома оид ба интиқоли маблағи грантӣ барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба имзо расонида шуд.
“Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби маблағҳои грантӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон корбарӣ дорад”,-иттилоъ медиҳад вазорати иқтисод.
Тибқи ислоҳот ба Созишномаи иловагӣ оид ба интиқоли маблағи грантӣ барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа, ки байни Бонки Олмонии рушд (KfW) ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо (гиранда) ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» (иҷрокунандаи лоиҳа) ба имзо расидааст.
Гуфта мешавад, ки неругоҳ барои беҳтар намудани таъминоти неруи барқ дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва барои саноатикунонӣ дар минтақа мусоидат менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ