Бонкирҳо ба Роғун омаданд

Харидорони аслии евробондҳои Тоҷикистон аз Амрикову Аврупо барои ошноӣ бо вазъи иқтисодии кишвар ба Душанбе омада, аз ҷумла ба маҳалли сохтмони нирӯгоҳи Роғун рафтаанд, ки замонате барои бозгардондани қарзҳост.

Ба ин ҳайат намояндагони Бонки амрикоии “Меррил Линч” ва бунёдҳои сармоягузории Fidelity, Metlife, BNP Paribas, T.Rowe Price, Barings, Eaton Vance ва Danske шомиланд.Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи 10-уми апрел дар вебсайти расмиаш гуфт, ин ҳайат барои боздиди дубора аз маҳалли сохтмони Роғун дар оянда изҳори омодагӣ кардаанд.Тоҷикистон соли гузашта бо фурӯши евробондҳо 500 миллион долларро ба муддати даҳ сол ба даст овард, ки баҳраи солонааш 7,125 дарсад аст. Мақомот гуфтанд, ки ин пул барои сохтмони нирӯгоҳи Роғун харҷ хоҳад шуд.Моҳи феврали имсол Вазорати молия ҳам эълон кард, ки то кунун 65 миллион доллари онро дар бунёди Роғун сарф кардаанд.Фурӯши евробондҳои Тоҷикистон бо сарварии Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ соли гузашта сурат гирифт ва як муваффақияти ӯ дар солҳои охир тавсиф мешавад. Тоҷикистон айни замон аз хориҷа тақрибан 2,9 миллиард доллар қарздор аст. Барои пардохти фоизҳои ин қарз кишвар дар буҷети соли 2018 беш аз 1 миллиард сомонӣ ҷудо кардааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *