Бонуе дар пайроҳаи мушкили илм

Профессор Ниёзмуҳаммадова Муқадам Бобоҷоновна яке аз пажӯҳишгарони пурмаҳсул ва шинохтаи соҳаҳои физиология ва биохимияи растаниҳо дар Тоҷикистон ва берун аз он мебошад. 

Ӯ аз кӯдакӣ ба падараш — олими намоён, академик Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов пайравӣ намуда, ҷодаи илмро интихоб намуд. Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) дохил шуда, онро соли 1968 бо муваффақият хатм намуд. Пас аз хатми донишгоҳ дар Институти физиология ва генетикаи растании Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон ба кори илмӣ шуруъ намуда, дар ин мактаби бузург чунин зинаҳои илмиро паси сар намуд: солҳои 1968-1969 лаборанти калон, солҳои 1969-1972 аспирант, солҳои 1972-1980 ходими хурди илмӣ, солҳои 1980-1996 ходими калони илмӣ, солҳои 1996-1997 ходими пешбари илмӣ ва аз соли 1998 то имрӯз сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академия миллии илмҳои Тоҷикистон дар бахши физиология ва биохимияи растаниҳо.

М. Б. Ниёзмуҳаммадова соли 1977 дар мавзӯи «Сохтор ва вазифаи аппарати фотосинтетикии Arabidopsis Thaliana L.» рисолаи номзадӣ ва соли 1997 дар мавзӯи «Таҳлили физиологӣ ва биохимиявии шаклҳои гексаплоидии тритикале дар шароити Тоҷикистон» рисолаи докториашро бо мувафаққият дифоъ намудааст.

Ҳоло профессор М. Б. Ниёзмуҳаммадова ба омӯхтани аломатҳои физиологию биохимиявӣ, генетикӣ, коркарди усулҳои пурсамари ташхиси сифат ва ҳосилнокии навъҳои ояндадори ғалладонагиҳо, ки дар марҳилаҳои аввали селексия гузаронида мешаванд, машғул аст. Як қатор дастовардҳои илмӣ ва кашфиётҳои нодираш, инчунин мақолаҳои илмиаш дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ғайраҳо ба табъ расидаанд.

Профессор М. Б. Ниёзмуҳаммадова олими варзидаи соҳаи физиология ва биохимия буда, муаллифи беш аз 200 мақола ва асарҳои илмӣ мебошад. Хизмати эшон дар тарбияи кадрҳои баландихтисос низ хеле назаррас аст. Таҳти роҳбарӣ ва кумаку маслиҳатҳои Муқадам Бобоҷоновна 4 нафар олимони ҷавон рисолаҳои номзадии хешро дифоъ намудаанд.

Феълан таҳти роҳбарии М. Б. Ниёзмуҳаммадова маҷмааи аломатҳои биологӣ ва хоҷагигии зироатҳои ғалладонагӣ дар шароитҳои гуногуни Тоҷикистон омӯхта шуда истодаанд. Ӯ баҳри беҳтаргардонии сифати нон, ташхиси биохимиявӣ ва технологии дони гандум (оҳар, сафеда, клетчатка) ва ғайраҳо таҷрибаҳои зиёд гузаронидааст. Ин ташхисҳоро, ки дар асоси аломатҳои умумӣ гузаронида мешаванд, дар ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз, дар баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ метавон дар оянда васеъ истифода намуд.

Профессор М. Б. Ниёзмуҳаммадова фаъолияти илмиро бо кори педагогӣ пайваста, солҳои зиёд дар факултаи биологияву химияи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ба донишҷӯён дарс мегӯяд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои илмию эҷодии профессор М. Б. Ниёзмуҳаммадоваро ба назар гирифта, ӯро бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001) ва нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2006) сарфароз гардонидааст. Соли 2024-ум ӯ аз тарафи Президиуми АМИТ сазовори Ҷоизаи илмии ба номи академик Павловский гардид.

Профессор М. Б. Ниёзмуҳаммадова ин шабу рӯзҳо ҷашни 80-солагии хешро дар иҳотаи дӯстон, фарзандону наберагон, ҳамкорону шогирдон, дар авҷи камолоти эҷодии илмӣ таҷлил мекунад. Умед дорем, ки эшон қувваи бузурги илмию педагогии худро минбаъд низ баҳри тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ, барои инкишофу пешрафт ва ободии кишварамон сарф менамоянд.  

Абдуманон АБДУЛЛОЕВ,

доктори илмҳои биология, профессор

Қурбоналӣ ПАРТОЕВ,

доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *