Бонувони Амонатбонк ғолиби озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон”
Бонувони Амонатбонк ғолиби озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” дониста шуданд.
Тавре ки аз Амонатбонк ба Pressa.tj хабар доданд, 21-уми июни соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ки озмуни мазкур бо ибтикори Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ҳадафи он он ҳавасмангардонӣ ва баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар соҳаи бонкдорӣ мебошад.
Озмун аз рӯйи номинатсияҳои “Корманди қарзии беҳтарин”, “Корманди беҳтарини кор бо амонат, пасандоз, ва кортҳои бонкӣ”, “Корманди беҳтарини роҳбарикунанда”, “Корманди беҳтарини соҳаи иттилооти технологии бонкӣ” ва “Корманди беҳтарин Идораи фаръӣ” гузаронида шуд.
Ҳамин тавр, мудири филиали №71-и “Амонатбонк” дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ Мамадназарова Зайнаб дар номинатсияи “Корманди беҳтарини роҳбарикунанда”, муовини сардори Идораи методология ва бозомӯзии кормандон Файзулаева Фируза дар номинатсияи “Корманди беҳтарини идораи фаръи (Бэк офис)” ва муовини директори Департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкӣ Ҳакимова Мавҷуда дар номинатсияи “Корманди беҳтарини кор бо амонат, пасандоз ва кортҳои бонкӣ” сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Ғолибон барои фаъолияти назаррасу намунавӣ, таҷрибаву малакаи волои касбӣ, саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти соҳаи бонкдории мамлакат, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ ва ғайра интихоб карда шуданд.
Ташкил ва баргузории чунин озмунҳо барои ҳавасманд намудани занону бонувони кишвар ва баланд бардоштани завқи онҳо нисбат ба касби хеш мусоидат намуда, дар рушду пешрафти соҳаи бонкдории мамлакат нақши муассир мегузорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ