Бонувони футболбози тоҷик яке аз охиринҳо
Дастаи миллии футболи занонаи Филиппин 1 вохӯрӣ пеш аз анҷоми бозиҳо дар гурӯҳи «А» ба марҳилаи интихобии финали Ҷоми Осиё-2018, ки имрӯзҳо дар Душанбе мегузарад, роҳхат гирифт. Ин мунтахаб дар даври чорум бо мунтахаби Баҳрайн мусовӣ – 1:1 бозида, бо дастории 10 хол ба даври финалии Ҷоми Осиё-2018 баромад.
Вохӯриҳои даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 12 апрел дар Душанбе доир мешавад. Он рӯз мунтахабҳои Иордания – Филиппин, АМО– Тоҷикистон ва Баҳрайн – Ироқ ба ҳам меоянд..
Мутаассифона, мунтахаби бонувони футболбози Тоҷикистон дар чор даври бозиҳои гурӯҳи «А» бозии авалинашро аз дастаи Ироқ 1:0 бурида , се бозии дигарашро боҳисобҳои калон бохт ва бо 3 хол дар ҷойи пеш аз охирини гурӯҳ ҷой гирифтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ