БОР ба соҳаи маорифи Тоҷикистон 40 млн доллар грант медиҳад
Байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд созишномаи грантӣ ба имзо расид. Ин созишнома лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» аст, ки маблағи умумии он 40 млн долларро ташкил медиҳад.
Созишномаро Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон хонум Шенни Кемпбелл ба имзо расониданд.
Лоиҳа соли 2024 оғоз ёфта, он соли 2030 анҷом меёбад ва пурра аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Осиёии рушд маблағгузорӣ мешавад.
“Ҳадафи лоиҳа муҳайё намудани заминаи сармояи инсонӣ барои дастгирии гузариши Тоҷикистон ба ҳосилнокии баланди меҳнат, фаъолсозии малакаҳо дар асоси Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёна, модернизатсияи таълим, беҳтар намудани муҳити омӯзиш, идоракунии мактаб, ҳамгироии таҳсил оид ба тағйирёбии иқлим ва афзоиши иштироки духтарон дар омӯзиши илмҳои технологӣ, муҳандисӣ ва математика мебошад”,- иттилоъ доданд аз Вазорати молия ба Pressa.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ