БОР ба соҳаи нақлиёти Тоҷикистон беш аз $806 миллион сармоягузорӣ кард
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо роҳбари намояндагии доимии Бонки Осиёии рушд Ко Сакамото рафти татбиқи лоиҳаҳои нақлиётиро баррасӣ кард.
Ҳоло бо дастгирии ин бонк 5 лоиҳа ба маблағи 377,89 миллион доллар амалӣ карда мешавад. Соли 2021 таҷдиди роҳи Обигарм-Нуробод дар ҳаҷми 110 млн доллар грант оғоз ёфт.
Лоиҳаи навсозии роҳи Данғара-Гулистон барои сохтани долони сабз дар ҳаҷми 86,67 млн доллар тасдиқ карда шудааст.
Дар тӯли 30 сол Бонки Осиёии рушд ба соҳаи нақлиёти кишвар 806,29 миллион доллар сармоягузорӣ карда, дар рушди лоиҳаҳои асосии инфрасохторӣ кӯмак расонидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ