БОР барои Агентиии обуҳавошиносии Тоҷикистон маблағ ҷудо кард

Се иншооти агентии обуҳавшиносӣ аз ҳисоби Бонки Осиёгии Рушд азнавсозӣ мешавад. БОР барои сохтмони ду бинои маъмурӣ ва як бинои истиқоматӣ барои коркунони агентӣ $11,5 млн ҷудо кардааст.

Лоиҳаи мазкур “Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ” ном дошта, дар назар аст, ки то охири соли 2023 ба анҷом расонида мешавад.

Мақсади лоиҳа баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва идоракнии захираҳои обӣ ва кам кардани хатари офат дар ҳавзаи дарёи Панҷ мебошад.

Ёдрас мешавем, ки маблағгузории иловагиро дар ҳаҷми $5 млн. Фонди иқлими сабз (GCF) ба уҳда гирифтааст.

Амони Муҳаммад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *