БОР барои таъмири роҳи Данғара – Гулистон $86,6 млн ҷудо кард
Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд (БОР) дар бораи сохтмони долони сабз созишномаи грантӣ ба имзо расониданд.
Маблағи грант 86,6 млн доллар аст. Бо ин грант 49 км роҳи автомобилгарди Данғара – Гулистон таъмиру навсозӣ мешавад.
Созишномаро вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи Бонки осиёии рушд – хонум Родора Консепсион имзо карданд.
Гуфта мешавад, маблағ пурра аз ҳисоби бонк дар шакли грант ҷудо мегардад. Ҳадаф аз амалисозии лоиҳа беҳтар намудани инфрасохтори роҳҳои автомобилгард дар ҷумҳурӣ мебошад.
Дар доираи лоиҳа сохтмон ва азнавсозии 49 км роҳи автомобилгарди Данғара – Гулистон ва васеънамоии он ба 4 хат бо дарбаргирии элементи «Роҳи сабз», сохтмони 48,8 км роҳи велосипедронӣ дар назар аст.
Ҳамчунин, 2 нуқтаи барқдиҳии автомобилҳои электронӣ сохта шуда, барои соҳибкорзанони минтақаи зерҳадафи лоиҳа маблағҳои грантӣ ҷудо мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис ёфта, 68 кишвар аъзои он мебошанд. 49 давлати узви Бонк дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд. Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ