БОР дар Тоҷикистон 158 лоиҳаро маблағгузорӣ кард

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон зимни мулоқот бо президенти Бонки Осиёии Рушд Масатсугу Асагава таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон ва дарёфти роҳҳои коҳиш додани онро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти кишвар, мулоқоти ҷонибҳо дар ҳошияи саммити Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим сурат гирифт.

Сарвари давлат иброз дошт, ки тайи 26 соли ҳамкорӣ бонк 158 лоиҳаи барои Тоҷикистон муҳимро дар самти инфрасохтори энергетикӣ ва соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ, обёрӣ, молия ва маориф маблағгузорӣ кардааст.

Тарафҳо зимни мулоқот қайд карданд, ки барои тобовар кардани иқтисодиёт ба хавфу таҳдидҳои ҷаҳони имрӯза, пеш аз ҳама, ҷалби сармояи бештар ва идомаи ислоҳоти иқтисодӣ зарур аст.

“Таъкид гардид, ки ҷудо намудани маблағҳои грантӣ аз ҷониби шарикони рушд барои дастгирии раванди ислоҳот, буҷети давлатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон ба манфиати кор хоҳад буд”, — иттилоъ медиҳад манбаъ.

Ҳамчунин, зимни мулоқот тарафҳо масоили густариши ҳамкорӣ барои рушди соҳаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла саноату кишоварзӣ ва соҳаи гидроэнергетикаро баррасӣ намуданд.

Тарафҳо дар бораи ба иштироки бонк дар самти баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, инкишофи бозори молиявии Тоҷикистон, мусоидат ба раванди рақамикунонии соҳаҳои мухталифи иқтисод ва ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз” изҳори андеша намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *