Боргоҳи маърифат дар Боми Ҷаҳон

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таърихи беш аз се даҳсола дошта, дар омода намудани мутахассисони на танҳо Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, балки барои тамоми қаламрави Тоҷикистон нақши муассир дорад.

Меваи истиқлол

Дар таъсиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ иқдом ва хизмати раиси онвақтаи Кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи байналхалқии мактабҳои олӣ, доктори илмҳои таърих, шодравон Моёншо Назаршоев басо бузург аст. Бесабаб ҳам нест, ки баъдан ин донишгоҳ ба номи ин фарзанди барӯманд ва сарсупурдаи миллат гузошта шуд.

Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар даврони истиқлол чун маркази илмӣ-маърифатӣ неруҳои зеҳнӣ-илмиро муттаҳид намуда, ба ташаккули кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ ва пешрафти соҳаҳои дигари хоҷагии халқ мусоидат кард ва дар зарфи 30 соли фаъолият ба як маркази тавонои илмию таълимӣ ва тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ табдил ёфт. Дар ин муддат донишгоҳро зиёда аз 19 ҳазор нафар бо ихтисосҳои гуногун хатм намуданд, ки аксарияти онҳо дар мактабҳои миёна, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ниҳодҳои қудратӣ, муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, созмонҳои дохили кишвар ва берун аз он фаъолият мекунанд. Имрӯз беш аз 350 нафар устодон, ки дар миёни онҳо докторони илм ва номзадҳои илм низ ҳастанд, ба донишҷӯёни донишгоҳ таълим медиҳанд.

Комилбек Амид Ёрбек, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев

Аз факултет то кафедраҳои донишгоҳ

Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дорои 9 факултет — “Математика ва физика”, “Биология”, “Забонҳои хориҷӣ”, “Илмҳои табиӣ”, “Таърих ва ҳуқуқ”, “Филология тоҷик”, “Иқтисод”, “Педагогӣ”, “Таҳсилоти фосилавӣ” буда, дар шуъбаи рӯзона аз рӯи 58 ихтисос — 27 ихтисоси омӯзгорӣ ва 31 ихтисоси соҳавӣ кадрҳо омода мешаванд. Инчунин, аз рӯйи 16 ихтисоси магистр ва 8 доктори PhD кадрҳо омода карда мешаванд. Муҳассилин дар кафедраҳои “Таҳлили математикӣ”, “Таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсионалӣ”, “Тарбияи ҷисмонӣ”, “Забонҳои шарқ”, “Забони тоҷикӣ”, “Адабиёт ва журналистика”, “Биоэкология ва туризм”, “Биологияи умумӣ”, “Фанҳои табиии илмӣ”, “Назарияи иқтисод”, “Менеҷмент ва маркетинг”, “Таърих ва диншиносӣ”, “Таърихи халқи тоҷик”, “Забонҳои хориҷӣ”, “Филологияи англис”, “Забон ва адабиёти рус”, “Фалсафа ва сиёсатшиносӣ”, “Педагогика ва равоншиносӣ”, “Методикаи таълими ибтидоӣ”, “Фанҳои муҳандисӣ” ҳаматарфа ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Аз хобгоҳ барои донишҷӯён то дарсҳои амалӣ

Фаъолияти таълимӣ дар донишгоҳ дар асоси барномаҳо ва нақшаҳои таълимии ихтисосҳо, ки дар асоси Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ тартиб дода шуда, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, амалӣ карда мешавад. Дар донишгоҳ низоми таълими кредитӣ пурра амалӣ гардида, бо мақсади пайвасти донишҳои назариявӣ бо амалия ва истеҳсолот, азхудкунии дарсҳои амалӣ ва таҷрибавӣ ин муассисаи олӣ бо корхонаю ташкилоти вилоятӣ робитаи мустаҳкам барқарор намудааст. Дар пойгоҳи лабораторияи хоҷагии оби вилоят, ширкати «Помирэнерҷӣ», Пажуҳишгоҳи биологии Помир, Боғи ботаникии Помир, беморхонаи вилоятӣ, идораи стандартизатсияи давлатӣ, ширкати «Ҷамаст», экспедитсияи геологии «Помир» ва дигар муассисаҳои шаҳру вилоят таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ гузаронида мешавад. Низоми омӯзиш, шаклу усулҳои таълим дар донишгоҳ бо талаботи давраи бозорогонӣ мунтазам такмил ёфта, утоқҳо бо таҳҷизоту техникаи навтарин муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Донишгоҳ дорои ду хобгоҳ буда, барои беш аз 650 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, раёсати донишгоҳ пайваста ба қишри ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла ятимону бепарасторон кумаки молӣ намуда, онҳоро бо хобгоҳ таъмин менамояд. Инчунин, аз тарафи раёсати донишгоҳ донишҷӯёни беҳтарин, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат карда, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд, бо мукофотпулӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ мегарданд.

Дар маҷмуъ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дорои нерӯи пурқуввати кадрӣ ва пойгоҳи хуби моддӣ — техникӣ буда, довталабоне, ки ин муассисаи олиро барои идомаи таҳсил интихоб мекунанд, хато нахоҳанд кард. Зеро рисолати донишгоҳ омода намудани мутахассисони соҳибкасб, таъмини сифати баланди таҳсилот, мубодилаи донишҷӯён бо муассисаҳои олии дохил ва хориҷи кишвар, таъмини фаъолияти таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, татбиқи донишҳои азхуднамуда дар истеҳсолот, таҳсил бо истифода аз технологияҳои муосир ва ғайра мебошад.

Довталабони азиз, бо шомил шудан ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ шумо бо сарзамини афсонавии “Боми Ҷаҳон” ва мардуми сарбаланди он шинос хоҳед шуд.

Марҳабо, ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба  номи Моёншо Назаршоев!

Суроғаи мо: ш. Хоруғ, к. Ш. Шоҳтемур 109

Телефон: 8352224579, 8352222248

E-mail: [email protected]

Вебсайт: www.khogu.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *