Бори аввал! Ҷарроҳии нодир дар Ваҳдат

Бори аввал дар Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат “Ҷарроҳии остеосиинтези интрамедулярии навъи штифтгузорӣ” (блокирующий штифт) дар шуъбаи шикастабандӣ ва осебшиносӣ ба роҳ монда шуд.

“Баъди дастрасӣ ба таҷҳизоти замонавии ҷароҳӣ, санаи 10.06.2022 аввалин бор бо ин усул ҷарроҳӣ дар устухони рон гузаронида шуд”,-хабар медиҳанд аз Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат.

Манбаъ мегӯяд, ки бемор ҳолати баъди ҷарроҳиро хуб гузаронида, захмҳои ҷойи ҷароҳӣ бо нишонаҳои аввалиндараҷа сиҳат гардид ва рухсатӣ карда шуд.

Ин навъи ҷарроҳӣ бисёр ҷиҳати мусбат дорад. Аз ҷумла:

1. Кам осебдиҳӣ.

2. Барвақт фаъолкунии бемор.

3. Камшавии хатари оризаҳо.

Абдумуталиб НАЗАРОВ, шаҳри Ваҳдат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *