Боридани барфҳои ғайричашмдошт

Тавре қаблан бо истинод  ба маълумоти  Агентии обуҳавошиносии  Тоҷикистон хабар дода будемчанд рӯзи охир  ҳаво дар мамлакат номусоид гашта, боронҳои пуршиддат ва дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ боридани барф ба назар расид. Номусоидии вазъи обу ҳаво шуруъ аз 15 апрел то имрӯз идома ёфта, ҳарорати паст боқӣ мемонад.

18-уми апрел на танҳо дар шимоли  Тоҷикистон- ноҳияҳои Шаҳристону Айнӣ ва шаҳрҳои Панҷакенту Истаравшан,  балки дар қисмати марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон – ноҳияҳои Варзоб, Файзобод ва гурӯҳи навоҳии минтақаи Рашт  низ барф борид.

«Барф ҳамин шаб сар кард ва то саҳар борид. Хайрият, ки дер хоб нарафт, зуд об шуд, вале меваро, аз афташ,  сармо зад. Мӯйсафедҳо мегӯянд, ки зардолу метавонад солим монад, зеро алакай ғурра дорад, вале себу чормағз ҷон ба саломат бурда наметавонанд, чунки нав гул карда буданд”, — чунин мехонем дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ба гуфтаи мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ, ҳавои сарди атлантикӣ, ки якбора ба Тоҷикистон омад, ҳароратро дар кишвар поин бурд ва эҳтимол аст  ҳаво баъди 20-уми апрел гармтар шавад. Тавре мутахаассисон иброз медоранд, ҳангоми  сиклонҳои атлантикӣ ҳаво метавонад якбора тағйир ёбад: баҳору тобистон метавонад салқин  ва зимистон гарму хушк гардад.

Бояд гуфт, ки гармшавии обу ҳаво ва ба якборагӣ сард шудани ҳавову боридани барфи ғайричашмдошт дар моҳи апрел ҷиҳатҳои мусбат ва манфии худро дорад.

Тавре ноиби Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷамол Саидов баён дошт,  ин ниҳод дар робита ба ин вазъ гуруҳи корӣ таъсис дода, онро ба шаҳру навоҳии дар боло зикршуда сафарбар намудааст, то ҳолати ба амаломадаро  таҳлилу таҳқиқ намуда, хулосаи дақиқ пешниҳод намояд.

Пас аз натиҷагирӣ маълумоти пурра нашр хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *