Боридани барфи тар дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, боридани борон ва барфи тар дар назар аст.  Инчунин 18 октябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳаво   ноустувор   шуда, дар минтақаҳои кӯҳӣ   ҳарорат аз 10 то 17 дараҷа   паст мешавад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои Агентӣ, имрӯз дар бисёре аз ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борон ва ба барфи тар табдил ёфтани он пешгӯӣ мешавад.

Дар шаҳри Душанбе боридани борони ба барфи тар табдилёбанда пешгӯӣ шуда, ҳаво шабона 3+5 ва рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ борон   дар назар дошта шуда,  он ба барф табдил меёбад. Дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона +7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд низ борон ва барфи тар пешгӯӣ шуда, фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4  дараҷа ва рӯзона  +5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар   Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон   борону барф борида, ҳаво дар ғарби вилоят шабона -4+1, рӯзона  5+10 ва дар шарқи ин вилоят шабона -8-13 ва рӯзона -2+3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  боридани борон дар назар дошта шуда,  дар минтақаҳои кӯҳӣ борон ба барфи тар табдил меёбад. Ҳарорат дар водиҳо шабона  2+7  ва рӯзона 10+15   дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *