Боридани барфу борон пешгӯйӣ шудааст

Ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то охири ҳафтаи моҳи сентябр вазъи ҳаво дар кишвар тағйирёбандаи абрнок боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо пастшавии ҳарорат, бориши боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои шарқии мамлакат боридани барф пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора  аз ин Агентӣ хабар доданд.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 15  сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар бештари ноҳияҳо ҳарорат рӯзона чун пештара ба 36  дараҷа мерасад. Ҳаво дар  шимоли кишвар тағйирёбандаи абрнок гашта, пастшавии ҳарорат ба назар хоҳад расид. Гармӣ дар водиҳо нисбат ба рӯзҳои қаблӣ 2 дараҷа паст гардида, ҳарорат рӯзона ба 32 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ ба 25 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносони кишвар барои сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки борониро пешгӯӣ мекунанд. Дар ғарби вилоят ҳаво тағйиёбанда шуда, ҳарорат 24-29 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар шарқи он ҳавои ноустувор ва дар баъзе ҷойҳо боридани барфу борон пешгӯӣ карда шуда, ҳарорат дар ин мавзеъ ба 16 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва беборишро пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 36 дараҷа мерасад.

Ҳарорати ҳаво сокинони пойтахти кишвар — шаҳри Душанберо, ки чанд муддатест интизори боридани борон ва пастшавии ҳароратанд, чандон хушҳол намекунад. Зеро вазъи ҳаво,  ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ, чанд муддати дигар тағйирёбандаи бебориш боқӣ монда, ҳарорати ҳаво барои имрӯз  35 дараҷа пешбинӣ гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *