Боридани борон дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Имрӯз, 7 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8  ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шудааст. Дар ғарби вилоят ҳаво  шабона 4-1 ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳарорат шабона 12-17 дараҷа сард ва рӯзона 3-2 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф пешгӯӣ мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда ва боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, шабона 8-13 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *