Боридани борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2000 м боридани барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додаанд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок, борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2500 м боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-5, рӯзона 10+15 ва дар шарқи ин вилоят шабона -4-9 ва рӯзона +2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар минтақаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва шабона дар баландии 2000 м боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +6+11 ва рӯзона +12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2000 м барф дар назар аст. Ҳарорат шабона ба +5+10 ва рӯзона ба +11+16 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво шабона +6+8 ва рӯзона +12+14 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ