Бориданиборон ва барф дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, борон  ва барф меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда,  боридани барфи кӯтоҳмуддат  дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа сард шуда, рӯзона  ҳарорат  ба -1+4 дараҷа мерасад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  13-18 ва рӯзона 1-6  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон меборад.  Дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ боридани  борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб  3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат  дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард  шуда, ҳарорат  рӯзона ба -1+4 дараҷа мерасад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10  ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3-8  ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон ба барф табдил меёбад.  Дар баъзе ноҳияҳо боришот шиддат меёбад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва  рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Ҳарорат дар  кӯҳҳо  шабона ба -4+1 дараҷа  расида, рӯзона 0-5 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  абрнок шуда, борон меборад. Дар охири рӯз гузариши борон ба барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб  4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6-8  ва  рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *