Коҳиши боркашонӣ ва тахфиф дар Роҳи оҳани Тоҷикистон

Дар давоми соли 2016 ҳаҷми боркашонӣ дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 5 миллиону 452 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Ин рақам нисбат ба соли 2015 674 ҳазор тонна, яъне 11% кам мебошад.  Дар  ин бора имрӯз, 24 январ Усмон Қаландарзода, муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ба гуфтаи номбурда, бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми боркашониву мусофирбарӣ дар Роҳи оҳани Тоҷикистон сабукиҳо пешниҳод гардидааст. Ба тоҷирону соҳибкорон ва кишоварзони ватанӣ барои маҳсулоти зудвайроншаванда аз 30 то 50 фоиз сабукиҳо пешниҳод шудааст.  Ба саволи хабарнигори «Тоҷикистон» дар мавриди сабабҳои гарон будани нархи чиптаҳои роҳ ба самти Душанбе-Маскав, Хуҷанд-Маскав, ки аз 1692 то 2274 сомониро ташкил медиҳад ва  ва минбаъд чӣ сабукиҳо  ба мусофирон пешбинӣ шудааст, У. Қландарзода иброз дошт, ки  арзон кардани нархи чипта танҳо аз «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вобастагӣ надорад, балки аз дигар роҳҳои оҳан ҳам вобастагӣ дорад. Яъне ҳудуди ҳар як роҳи оҳани давлатҳои ҳамсоя, ки мо убур карда мегузарем, ҷадвали махсус, база ва фоизи худро доранд ва он аз рӯи масоҳати роҳ ҳисоб карда мешавад.

Дар идома ба ҷавоби савол Шералӣ Қурбонов, сардори Корхонаи воҳиди мусофирбарии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»  гуфи, ки тариқи гуфтушунид ва созишномаҳо якчанд тахфиф  сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, моҳи октябри соли 2016  Сониби Тоҷикистон бо намояндагони роҳи оҳани кишварҳои ҳамсоя гуфтушунид кардааанд. Ҷонибҳо дар он ҷо ба санаде имзо кардаанд, ки вобаста ба муҳлати харидорӣ кардани чипта тахфифҳо дода мешаванд.
«Ба мусофироне, ки аз 45 то 31 рӯз пеш чипта харидорӣ менамоянд, то 45%, агар аз 30 то 21 рӯз пеш чипта харидорӣ намоянд, то 40 %, аз 20 то 4 рӯз пеш чипта харидорӣ намоянд, то 35% тахфифҳо пешниҳод карда шудаанд. Ба ғайр аз ин дигар тахфифҳои гурӯҳӣ ҳам ҷорӣ кардаем, ки дар ҳолати якҷоя чипта харидани зиёда аз 11 нафар мусофир онҳо метавонанд маблағашонро 20 % сарфа кунанд, агар аз 25 нафар зиёд бошанд, метавонанд маблағашонро 30% сарфа карда, чипта харида, сафар кунанд»,- гуфт Шералӣ Қурбонов. Масъулини  «Роҳи оҳани Тоҷикистон»  дар оянда ният доранд, ки боз дигар намуди тахфифҳоро ҷорӣ намоянд, то  ин ки нархҳо барои мардум дастрас бошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *