Борон, жола, сел ва сангреза дар Ашт: 7 пул хароб шуд (аудио)
30-юми майи соли 2022 дар ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашти вилояти Суғд бинобар сабаби бориши борони зиёд ва жола аз селроҳаи Аштсой сел омадааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар, сел ва сангреза 7 пулро дар қаламрави ҷамоати Ашт пурра хароб кардааст. Дар натиҷаи омадани лойобаву сангу шағал 8 километр роҳи байни деҳаҳо қисман хароб гардидааст.
Сел ҳамчунин ба 32 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зарар расонидааст.
— Ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ надошт. Барои рафъи паёмадҳои офат қувва ва воситаҳои ноҳия ҷалб шудаанд. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда мизони зарари расидаро муайян мекунад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ