Борони зиёд ва барф меборад

Шурӯъ аз имрӯз, 8 октябр  дар қаламрави Тоҷикистон обу ҳаво аз 10 то 15 дараҷа сард шуда, боришоти зиёди борон ва дар баландиҳои аз 2000 метр аз сатҳи баҳр боло боридани барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ додаанд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок   дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7, рӯзона 13+18 ва дар шарқи ин вилоят шабона 2+7 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,  шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона +10+15  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 14+25 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, ҳарорат шабона ба 7+12 ва рӯзона ба 20+25 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шабона 8+10 ва рӯзона +11+13 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *