Борону барфи пуршиддат. Ҳушдори обуҳавошиносони тоҷик
Тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 21-ум то 22-уми январи соли 2025 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии кишвар борону барфи пуршиддат меборад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар ба шаҳрвандон низ огоҳиҳо додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар аксари ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии ВМКБ, вилояти Суғд ва дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Варзоб-Айнӣ-Хуҷанд, Ваҳдат -Рашт-Тоҷикобод-Лахш, Душанбе-Сангвор, Шамсиддини Шоҳин – Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб хатари лағзиши тарма вуҷуд дорад.
Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифода аз таҷҳизоти гармкунии барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намуда, аз дастгоҳҳои барқии худсохт истифода набаранд.
“Дар вақти истифода бухориҳо бештар эҳтиёт кунанд. Маъмулан дар деҳот аз бухориҳо истифода мекунанд ва барои гарм кардани хонаҳо ангишт ва дигар маводи сӯзанда мавриди истифода қарор мегирад”, — қайд кардааст КҲФ.
Ҳамчунин КҲФ ҳушдор додааст, ки ҳангоми истифода аз ангишт барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш ҳатман бояд хонаҳо ҷойи ҳавобаро дошта бошанд, то дуди ангишт бемалол хориҷ шавад ва сабаби мусибати хонаводаҳо нагардад.
Кумита пешниҳод кардааст, ки пеш аз сафар омодагии мошинҳоро бисанҷанд ва чархҳои тобистонаро бо зимистона иваз кунанд. “Бидуни телефонҳои мобилии ба сафар набароед”, — ҳушдор медиҳад КҲФ аз сокинон.
Аз сокинони навоҳии кӯҳиву назикӯҳӣ хоҳиш карда шудааст, ки дар чунин рӯзҳо дар чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, шикор, моҳидорӣ эҳтиёт кунанд.
Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд намуда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ