«Борону барфи шадид меборад»,- мегӯянд ҳавошиносони тоҷик
Оҷонси ҳавошиносии Тоҷикистон дар бархе аз навоҳии ҷумҳурӣ борони шадидро пешгӯӣ карда, изҳор доштааст, ки дар қисматҳои алоҳидаи шарқӣ барфрезӣ дар назар аст.
— Ҳаво дар Тоҷикистон қисман абрнок шуда, дар бархе минтақаҳо борони бошиддат ва жола меборад,- хабар додааст Оҷонсии ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарби вилоят борон меборад. Дар минтақаҳои алоҳидаи шарқии вилоят бориши борон ва барф дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Ҳамчунин, дар Суғд дар баъзе ноҳияҳои доманакуҳӣ ва куҳӣ борони бошиддат ва раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои куҳӣ шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм пешгӯӣ шудаст.
Борони бошиддат ва раъду барқ ҳамчунин бархе навоҳии Хатлонро фаро гирифта, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар доманакуҳҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
Раъду барқ ва борони шадид дар шаҳру навоҳии тобеӣ марказ низ дар назар буда, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои куҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 дараҷа ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ