Боррел дар ҳузури Президент
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Ҷозеп Боррелл, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ таъкид доштааст, ки густариши ҳамкории ҷонибҳо ба пешрафти кишвари мо ва тамоми минтақа мусоидат хоҳад кард, хабар додааст дафтари матбуоти президент.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва татбиқи амалии лоиҳаҳои судмандро дар соҳаҳои мухталифи гуманитарию фарҳангӣ, бахусус маориф, тандурустӣ ва рушди маҳал муҳокима намуданд.
«Зимни баррасии заминаи ҳуқуқии муносибатҳо барои таҳкими минбаъдаи робитаҳо, имзои Созишномаи мукаммали ҳамкорӣ ва шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо зарур шумурда шуд», — афзудааст манбаъ.
Дар мулоқот ҷонибҳо ба густариши масъалаҳои бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, афзоиши содироту воридот, таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар ин зимн тасмим ва ҳавасмандии Тоҷикистон дар бораи пайвастан ба Низоми имтиёзҳои гумрукӣ дар содироти молу маҳсулот ба Аврупо, махсус таъкид гардидааст.
Мавзӯи дигар мулоқоти Раҳмон ва Боррелл амнияти минтақа ва Афғонистон будааст.
Талошҳои судманди муштараки ҷонибҳо дар ин арса, бахусус таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон тавассути татбиқи барномаҳои БОМКА ва КАДАП, сохтмони роҳҳои мошингард, пул, хати интиқоли барқ ва бунёди иншооти дигар дар манотиқи марзӣ бо ин кишвар, таъкид гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ