Бошқирдистон: Боздошти ду тоҷик барои гаппартоӣ ба духтарон (видео)
Дар Бошқирдистон ду духтар аз муҳоҷирони тоҷик шикоят карданд, ки баъд аз он чанд нафар сокинон бо муҳоҷирон ба задухӯрд афтоданд. Дар ин бора “База” хабар медиҳад.
Ҳодиса дар шаҳри Белоретск рух додааст. Ду духтар ба волидонашон нақл карданд, ки чӣ тавр мардҳое аз Тоҷикистон бо мошин ба назди онҳо омада, онҳоро озор додаанд. Падари яке аз онҳо тасмим гирифт, ки бо муҳоҷирон суҳбат кунад, аммо дар ниҳоят латукӯб шуд.
Ин хабар дар шаҳр зуд паҳн шуда, дере нагузашта кариб 60-70 нафар ба хонаи муҳоҷирон омаданд. Байни онҳо баҳси шадид сурат гирифта, пас аз чанде кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, муҳоҷиронро ба шуъба мебаранд.
Дар шуъбаи милитсия ҷавонон иддао кардаанд, ки касеро таҳқир накардаанд. Аммо ба далели занозанӣ бо падари духтар алайҳи онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Уфа аз ин моҷаро изҳори бехабарӣ кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ