Бошқирдистон: Ҳалокати ду тоҷик ва як Турк дар садама
Рӯзи 25 феврал бар асари як садамаи пурқурбонӣ дар шоҳроҳи Самара – Уфа – Челябинск ду шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Туркия ба ҳалокат расиданд. Онҳо мусофирони мошини сабукрави «Дэу Нексия” буданд, ки дар 130-километрии ғарби шаҳри Уфа, пойтахти Бошқирдистон ба як мошини боркаши «Скания” бархӯрд.
Садамаи мудҳиш рӯзи 25 феврал дар наздикии деҳаи Кандрии ноҳияи Туймазии ҷумҳурии Бошқирдистон дар шоҳроҳи Самара – Уфа – Челябинск рух додааст. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, мошини сабукрави «Дэу Нексия” ба самти муқобили роҳ баромада, бо мошини боркаши «Скания” бархӯрдааст.
Ронандаи «Дэй” – сокини 43-солаи шаҳри Уфа ва ронандаи «Скания” – сокини 49-солаи шаҳри Челябинск дар ин садама осеб надидаанд, вале се мусофири «Дэу” дар ҷои ҳодиса ҷон бохтаанд. Аксҳое ки ГИБДД ва шоҳидон аз ҷои ҳодиса нашр кардаанд, нишон медиҳад, ки дар натиҷаи садама боми мошини «Дэу” комилан парида рафтааст ва худи ин ки ронандааш зинда мондааст, мисли як мӯъҷиза менамояд.
Исми ҳалокшудагон нашр нашудааст, вале роҳбари пулиси роҳ (ГИБДД)-и Бошқирдистон Динор Гилмутдинов дар блогаш дар Интернет хабар дод, ки ҳарсе қурбонии ин садама шаҳрвандони хориҷӣ – ду нафараш аз Тоҷикистон ва якеи дигар аз Туркия буданд. Онҳо, ба гуфтаи мақомоти пулис, 23, 55 ва 49 сол дошта, шаҳрванди Туркия дар Бошқирдистон ҳаққи иқомат ва ду муҳоҷири тоҷик сабти номи муваққат доштаанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ