БОТЕКС ЗАНРО САРАТОН МЕКУНАД?
Имрӯзҳо аксари занону духтарон ба хотири ҷавону зебою ботароват намудан аз амалиёти ботекс истифода мебаранд. Ботекс сӯзандоруе мебошад, ки ба зери пӯст гузаронида мешавад. Он мушакҳоро дар муддати муайян беқувват гузаронида, ожангҳои рӯйро нест ва ё ба назар ноаён месозад.
Ботекс чӣ гуна амалиёт аст?
Токсинаи ботулин яке аз пурқувваттарин маҳлули дар шакли микродоза дар моддаҳои косметологӣ вуҷуддошта мебошад, ки метавонад мушшакҳои рӯйро ба тариқи фалаҷшавӣ беқувват гардонида, боиси гум шудани ожангҳои рӯй мегардад.
Мӯњлати ботекс
Муолиҷаи аввалини ҷавонсозӣ бо ёрии ботекс ҳамагӣ 6-7 моҳ таъсир карда, баъди ин ожангҳо дубора намоён мегарданд, аммо рӯҳафтода шудан лозим нест. Муолиҷаҳои такрорӣ натиҷаи беҳтар хоҳанд дод. Пас аз муолиҷаи дуюм ва сеюм ботекс дар муҳлати то як сол ожангҳои рӯй, зери манаҳ, мобайни абрўвон ва кунҷи лабҳо пайдошударо ба назар ноаён сохта, занро ҷавон, зебо ва ботароват нишон медиҳанд.
Ботекс ба саратон гирифтор месозад?
Дар байни мардум ақидае вуҷуд, ки ботекс занро ба касалии саратон гирифтор месозад. Касе наметавонад ин андешаро сад дар сад инкор ё тасдиқ намояд, аммо ба ҳар сурат эҳтиёт намудан шарт ва зарур аст. Маъмулан, баъди ботекс дар ҷое, ки сӯзандору гузаронида шудааст, хунравӣ ба вуҷуд омада, он мавзеъ каме варам мекунад, аммо ин нишонаҳо 3-4 рӯз пас нопадид мегарданд.
Духтарҳои ҷавон, ботекс накунед! Ботекс танҳо ба одамони синну солашон аз 35 боло тавсия дода мешавад. Ба занҳои синнашон аз 60 гузашта ин амалиётро тавсия намедиҳем, зеро моддаҳои дар таркиби ин сӯзандору вуҷуддошта метавонанд боиси халалдор гаштани кори мушакҳои рӯй ва ҳазми кислотаи гиалурон гарданд.
Ногуфта намонад, ки дар баъзе ҳолатҳо ботекс боиси халалдор гаштани нафаскашии пӯст мегардад. Дар натиҷа баъди чанд муддат зан дар пӯсти худ дигаргуниҳои нохушро эҳсос намуда, нрозигӣ баён мекунад.
Кӯдаки ширмак доред?
Ботекс ба занҳои ҳомиладор ва модарони кӯдаки ширмак дошта тавсия дода намешавад. Ҳамчунин бонувоне, ки бемориҳои вазнинро аз сар гузаронидаанд, набояд ботекс кунанд. Хонумҳои пӯсташон аллергия-ҳасосият дошта низ бояд аз гузанронидани ин амалиёт худдорӣ намоянд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ