Ботулизм чист? Аз марги ду кӯдак то маслиҳати мутахассис

Дирӯз дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент бар асари хӯрдани консерваи дар сирко хобонидашудаи бодиринг як оила заҳролуд шуда, аз байни онҳо ду кӯдаки ноболиғ фавтиданд. Дар ин бора аз беморхонаи шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Тибқи иттилои табибон, модар ва як кӯдаки дигар дар шуъбаи эҳёи беморхона дар ҳолати вазнин қарор доранд. Гуфта мешавад, ки кӯдакони фавтида яке 5-сола ва дигаре 9-сола мебошанд. Дар ин миён падари кӯдакон Шавкат Ашӯров бо як фарзанди хурдсолаш солим мондаанд.

Сабаби заҳролудшавии ин хонаводаро табибон бемории ботулизм медонанд. Ботулизм як бемории ниҳоят хатарноки сироятӣ ва заҳролудкунанда аст, ки аз токсинҳои бактерияҳо бо номи Clostridium botulinum ба вуҷуд меояд. Бактерияҳои зараровар дар муҳитҳои беоксиген ё оксигени камдошта, ба монанди консерваҳо, нашъунамо меёбанд ва токсинҳоро тавлид мекунанд. Ҳангоми истеъмол онҳо ба меъда рафта, маъмулан пас аз 12 то 36 соат аломатҳои беморӣ зуҳур мекунад. Аломатҳои он мушкил будани фурӯбарии хӯрок ва гапзанӣ, даҳони хушк, заифӣ дар ҳар ду тарафи рӯй, хира дидан ё калон дидан, овезон шудани пилкҳои чашм, нафаскашии душвор, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, исҳол ва фалаҷ арзёбӣ мешаванд.

Ботулизм дар натиҷаи аз таъсири ботулотоксин осеб ёфтани мағзи дарозрӯя ва ҳароммағз падид меояд. Заҳри ангезандаи ботулизм (ботулотоксин) ҳангоми ҷӯшонидан то 5 соат маҳфуз мемонад, аммо дар ҳарорати 120°С баъди 20 дақиқа маҳв мешавад.

Ботулотоксин ба воситаи луобпардаи меъда ва рӯда ба хун ворид шуда, мушакҳоро бекор, рагҳои хунро тангу фалаҷ ва мӯйрагҳо (капиллярҳо)-ро мӯрт мегардонад. Аз таъсири ботулотоксин хусусан нейронҳои муҳаррики ҳароммағз ва мағзи дарозрӯя зуд ҳассос мегарданд.

Ба ботулизм бештар гирифтор шудани одамон дар Тоҷикистон аз солҳои 70 шуруъ шуд. Дар беморхонаҳои мамлакат соле даҳҳо хонавода бо ташхиси бемории ботулизм бистарӣ мегарданд, ки сабаби он истеъмоли консервҳои сабзавотӣ, хусусан боимҷон, бодиринг, занбурӯғ, сир, қаламфур ва карам аст. Ба хотири пешгирии ин беморӣ риояи қоидаҳои тайёр кардану нигаҳдошти консерваҳо ҳатмист. Истифодаи консерваҳои сарпӯшашон дамида ва зангзада қатъан мамнуъ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *