Ботур Парвиев аризаи истеъфояшро навишт

Ботур Парвиев, раиси 71-солаи Кумитаи давлатии андози Ӯзбекистон ва яке аз генералҳои соҳибнуфузи ӯзбек аризаи истеъфояшро навишт. Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, генерал-лейтенант Ботур Парвиев аризаи истеъфояшро ба номи президент Шавкат Мирзиёев ду моҳ пеш навиштааст.

«Вай сабаби истеъфо хостанашро ба вазъи саломатиаш рабт медиҳад. Вақтҳои охир аз дарди по шикоят мекунад. Аммо президент аризаи ӯро имзо накард. Мирзиёев мегӯяд, бигзор Парвиев кор кунад», — афзуд манбаъ.

Иттилоъ дар бораи аризаи истеъфои раиси Кумитаи андоз дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки дар кумитаи мазкур «поксозии саросарӣ»-и кормандон шуруъ шудааст. Ихтисори кормандон дар кумитаи андоз бо фармони президент Шавкат Мирзиёев сурат мегирад.

Пештар Мирзиёев аз мақомоти андоз ба хотири дахолат дар умури соҳибкорон ва баргузории тафтишҳои беасос танқид карда буд. Он замон Мирзиёев гуфта буд, ки дар ояндаи наздик дар ин мақомот тағйири куллӣ ҷараён хоҳад гирифт.

Ботур Парвиев аз соли 2004 ба ин сӯ кумитаи андози Ӯзбекистонро роҳбарӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *