Ботурбек Олимов: Як писар доштам, аммо ҷои даҳ писарро мегирифт
Ин суҳбати аламбору вазнинро бо падари Дамирбек Олимов — Ботурбек Олимов дар мактаби мусиқии шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич бо ашки шашқатор оростам. Ӯ дар ин дабистони кӯчак роҳбар аст. Вақте онро аз диктофони телефон ба варақ ва аз коғазҳо ба компютер мекӯчонидам, боз гиристам. Ҳамаи ҳақиқат ва зебоиҳои ботиниву зоҳирии Дамирбек дар вожа-вожаи суҳбати падараш ифшо мешавад.
— Рост аст, ки Худованд Дамирбекро ба шумо дер дод?
— Бисёриҳо бар он андешаанд, ки Дамирбек баъди хонадории мо бо модараш (1986) хеле дер таваллуд шудааст, аммо чунин нест. Бештар аз ду сол аз оиладорӣ гузашту ӯ таваллуд ёфт. 20-уми марти соли 1989. Парвардигор дигар фарзанд надод. Ба ҳамин якдона шукр гуфтем.
— Шумо низ дар майдони ҳунар обутоб ёфтаед. Оё тахмин мекардед, ки Дамирбек ҳам ба ҷодаи санъат аз пайи шумо меравад?
— Ҳеҷ гоҳ. Дамирҷон дар дабистон бо баҳои аъло мехонд. Пайи корҳои саҳро мегашт ва завқу салиқаи санъаткории ӯ барои ман баъдтар кашф шуд.
— Чӣ гуна кашф шуд?
— Соли 1997 нав аз муҳоҷират, аз Россия омада будаму дар хонаи дар Хуҷанд будаамон базме оростем ба хотири зодрӯзи ман. Ҳама аҳли хонавода, бобои Дамирҷон ва чанд каси азиз, ки имрӯз нестанд, он ҷо ҳузур доштанд. Дамирҷон баландгӯякро гирифту яке аз сурудҳои устод Афзалшоҳ Шодиевро замзама кардан гирифт. Ҳама қарсак зада, «ба падараш рафтааст» гуфтанд. Бо вуҷуди ин, гумон кардам, ки ин ҳама аз рӯи ҳаваси наврасӣ аст.
— Шумо дар муҳоҷират ҳам будед? Мо фикр мекардем, ки ҳамчун сароянда нонатонро аз Ватан ёфта бошед…
— Албатта будам. Ростӣ, барои то ба саҳнаҳои бузург роҳ ёфтани писарам расо 9 сол, аз соли 1997 то 2008 (як сол дар байн нарафтам) дар Россия будам.
Тасаввур кунед, ки сароянда бошиву ҳеҷ асбоби мусиқӣ, ё асбоби барқиву электронӣ бо худ надошта бошӣ, чӣ гуна тӯй мегардӣ, чӣ гуна сурудҳои навро танзим мекуниву такмил медиҳӣ? Барои харидани созҳо ва аппарат пеш аз ҳама барои худам пул даркор буд. Аввал синтезатор харидам. Пештар вақти тӯйгардӣ синтезаторро як бародар менавохт. Баъдан Дамирҷон навохтани онро ёд гирифт ва ман ин асбобро, ки бо он бародар якҷо пул ҷамъ карда харида будем, пурра харидам. Акнун дар тӯйҳо кам-кам писарамро ҳамроҳ мебурдам. Дигар овозхонҳои маҳаллӣ низ ӯро ҳамроҳ мебурданд, то синтезатор навозад.
Синфи 8-ро хатм карда, ба синфи 9 бояд мегузашт. Дамирбек хост дар ягон мактаби санъат таълим гирад. Ӯ мехост сарояндагиро омӯзад, аммо ман гуфтам, ки аввал навохтани ягон асбоби мусиқии миллиро омӯз. Ҳамин тавр, дар бахши анъанавӣ, ҳамчун танбӯрнавоз ӯро ба Коллеҷи санъати ба номи Содирхони Ҳофиз бурдам.
— Мегӯянд, ки дар Ғончӣ, яъне Деваштич ба ҷуз Дамирбек дигар танбӯрӣ нест, рост аст? Пас ӯ кай соҳиби танбӯр шуд?
— Бале. Баъд аз сари ӯ дигар танбӯрӣ надорем. Як сол дар Россия корам барор гирифту барои Дамирҷон танбӯр харидам. Он замон арзиши он 150 доллари амрикоӣ буд. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста ғижак, асбоби танзими садо, компютер барояш гирифтам. Ҳанӯз дар курси 1 таҳсил дошту аз Хуҷанд омада дар ноҳия базму сури халқро мегузаронд.
— Шумо ҳам гули сари сабади базму маҳфилҳои ноҳияи Ғончӣ будеду соҳиби садои бисёр хуб. Чаро идома надодед?
— То замоне ки Дамирҷон ба саҳнаҳои бузург омаду дар Хуҷанду Душанбе обрӯ ёфт, дар тӯйҳо мегаштам. Баъди ӯ барояш дуо додаму гуфтам: писарам, дигар ҳамаи саҳнаҳо аз туст, ҳама дидаву надидаҳоямро мехоҳам дар ту бубинам.
— Бо Дамирбек як дуэт (ҳамхонӣ) доред: «Вақте падар сарояд, Ҷону ҷигар сарояд…». Таърихи офарида шудани он чӣ гуна аст?
— Дамирҷон ҳеҷ гоҳ ба ман дурӯғ намегуфт, аммо як рӯз занг заду гуфт, ки зуд ба Хуҷанд оям, ки як кори муҳим ҳаст. Ҳайрон шудаму рафтам. Рост ба студияи сабти Зайниддин Каримов бурд. Матни сурудро ба дастам дод. Ду бор сароидаму сабт шуд. Бо ҳамин онро дар консерти калонаш дар «Амфитеатр»-и шаҳри Душанбе якҷо иҷро кардем.
— Ба намоҳангҳояш (клипҳо) чӣ муносибат доштед? Дар ҳоле ки аксари сарояндагони номвару имкониятдори мо ба сабти намоҳангҳо, ки пули ҳангуфт сарф мешавад, ҷуръат намекунанд.
— Азбаски ба ӯ бовар доштам, камтар аз маблағу хароҷоташ мепурсидам, аммо як рӯз ҳамроҳ ба ҳашари ҳамсоя рафтем. Рафтем, ки бомашро мепӯшанд. Он ҷо Дамирҷон кунҷковӣ карду пурсид, ки барои вайрон кардану аз нав сохтани ҳамин хонаатон чӣ қадар пул сарф шуд? Соҳибхона гуфт: аз сар то охир 750 ҳазор рубли русӣ рафт. Дамирҷон гуфт: «Ҳа-а, пули як клипи ман будааст. 11 ҳазор доллар». Бисёр асабӣ шудаму пурсидам, ки кадом клипат ин қадар хароҷот дошт? Гуфт: «Ношинос». Вай ҳамеша як гапро такрор мекард: «Дадаҷон, ҳамааш нағз мешавад, хавотир нашавед. Як клип бардоштан, як суруд хондан даркор, ки монад-дия. Мемондагиш ҳамин…». Ҳозир клипҳояшро тамошо мекунаму ҳамон ҳарфҳояш дар гӯшам садо медиҳанд. Дар ҳақиқат, монданд.
— Вақте ӯ машҳур шуд, бо аҳли хонавода, бо мардум муносибаташ дигаргун нашуд?
— Ба фикрам, ки не. Ӯ мисли ман як бачаи шармгин буд. Мо бо ӯ фақат падару писар не, балки дӯст, ҳамроз, ҳамдам ва ҳамкасб будем. Якдигарро гӯё пур мекардем.
— Ҳама ёру дӯстон ва ҳампешагонаш аз одами нағз ва дарёдилу саховатпеша будани ӯ мегӯянд. Шумо дар боби хӯйу хислати ӯ чӣ гуфта метавонед?
— Чи гӯям? Ман гап занам, таъриф мешавад. Устухонам месӯзад. Бовар кунед, ман падари Дамирҷону лекин намедонистам, ки вай дар умри қариб 33-солааш ба ин қадар одамони бисёр некӣ кардааст. Сар карда аз рӯзи ҷаноза, мана то имрӯз — 9 моҳу 20 рӯз боз мардум аз Самарқанду Бухоро, Душанбеву Кӯлоб, Хуҷанду Панҷакент меоянду мераванд. Ҳамаашон як гап мегӯянд: писаратон дар фалон вақт, дар фалон шаҳру ноҳия барои мо некӣ карда буд, дасташ ба мо ҳам расида буд… Дар рӯзи беморӣ, дар ҷанозаи модару падарам дар барам рост буд, дар фалон тӯйи ман бо як пули ночиз хизмат карда буд… Аз ҳама бештар аз сокинони Хуҷанди бостонӣ аз замин то осмон розиям. Хуҷандиҳо Дамирҷонро писари худашон, шаҳрванди ифтихории худашон эълон карда будаанд. Он қадар омаданду дилпурсӣ карданд, ки дар ҳайрат шудам. Ба фикрам, бештар аз ними аҳолии шаҳр ба ҳавлии хоксоронаи мо омада рафтанд.
— Боре ба ман гуфта буд, ки нияти ба Душанбе кӯч бастан дорад… Аммо дар мусоҳибаҳояш изҳор медорад, ки дар Хуҷанд хона сохтааму падару модарамро оварданиям. Кадомашро бештар мехост?
— Рост, дар Хуҷанд ҳавлӣ ва як хонаи нимбуд дорад. Ҳамеша мегуфт, ки «дадаҷон, сабр кунед, ками дигар монд, ҳаматона ба Хуҷанд мебарам…». Дар масъалаи ба пойтахт рафтанаш низ маслиҳат доштем. Ӯ ҳатто 3 моҳ дар ансамбли «Лола» дар Душанбе фаъолият дошт, вале мани бадбахт намондам, ки равад. Шояд роҳашро намедоштаму ба Душанбе мерафт, ҳамин фалокат рух намедод…
— Ҳарчанд барои шумо ёд овардан мушкил аст, аммо хоҳиш мекунам, аз дидори охиринатон каме нақл мекардед…
— Ҳеҷ аз ёдам намеравад. 23-юми январ буд. Дамирҷон бо хоҳараш Нигинахон ба ноҳияи мо — Деваштич, ба яке аз деҳаҳои куҳистон барои тӯйгузаронӣ омаданд. Писарам ба ман занг заду хоҳиш кард: дадаҷон, модарама гӯед, як хоная гарм карда, ороста монанд, Нигинаапам шояд ҳамроҳи ман биёянд. Зуд тараддуд дидем, хонаро барои меҳмони азиз омода кардем. Чанде гузашту боз занг зад. Гуфт, ки сахт дар ташвиш нашавед, заминҳо яхбандон, Нигинаапам ба Хуҷанд мерафтаанд. Мо бо навозандагон меоем. Шаб шуду расиданд. Аҷиб он буд, ки худ аз худ ӯро сахт оғӯш кардам. Каме дар канорам дошта истодам. Дамирҷон пурсид: «Ҳа, дада, сахт ёд карид-мӣ?». “Беҳад сахт, писарам, беҳад” гуфтам. «Ҳамин зимистон гузарад, охири сол (2022) ҳаматона Хуҷанд мебарам, дигар ҷудо намешем, Худо хоҳад”. Вале 2022 соли ҷудоӣ будааст, абадан ҷудо шудем. Мана, даҳ моҳ шуд, дидор дар қиёмат гуфта гаштем… (гиряи баландовози падар).
Суҳбаторо Бузургмеҳри БАҲОДУР,
Душанбе-Деваштич-Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ