Бойбача доманамро сар намедиҳад

 Тӯли 5 сол аст, ки бо як ҷавони соҳибмаълумот ва хушмуомила шиносоӣ дорам. Мо ҳамеша якҷоя будем ва аҳду паймон доштем, ки то нафаси охирин якҷоя мемонем, аммо дар ин миён аз ҷойи дигар ба ман хостгор пайдо шуд. Ошиқам ин хабарро шунида, бо нияти хостгорӣ модарашро ба хонаамон фиристод, вале падарам баҳона пеш овард, ки духтарамон то донишгоҳро хатм карда, дипломашро нагирад, мо ӯро ба шавҳар намедиҳем. Дӯстдоштаам ба умеди он, ки баъди хатми донишгоҳ мо ба васли ҳамдигар мерасем, интизорӣ мекашид. Шабу рӯз занг зада, такрор ба такрор мегуфт, ки мурданро ба гардан мегираду маро ба каси дигар намедиҳад, аммо…

Рӯзе ба донишгоҳ раҳсипор будам, ки мошини зебое дар наздам истод. Ронандаи ҷавон дари пеши мошинро кушода хоҳиш кард, ки шинам. Бе ягон гумони бад ба мошинаш нишастам. Ҳамин тавр мо бо ҳам шинос шудем. Дӯсти навам сарватманд буд ва маро ба тарабхонаҳо бурда, шикамамро сер мекард, бар замми ин, ба дастам як қабза пул медод, то ки камбудиҳоямро буд карда, аз бепулӣ азият накашам. Ошноӣ бо бойбача оҳиста-оҳиста дили маро аз ошиқам хунук кард ва  рақамҳояшро ба рӯйхати сиёҳи телефонам партофтам, то дигар занг зада, маро нороҳат насозад. Ба зангҳояш ҷавоб надоданамро дида, чанд бор ба суроғам омад, вале нописандона даст афшонда дар пеши назари ошиқи кидатшудаам ба мошини ҳамон бойбача нишастам. Фикр мекардам, ки ба ҳамон бойбача ба шавҳар баромада, як умр дар зару зевар ғутта зада, мисли малика зиндагӣ хоҳам кард, вале хаёлам хом баромад. Бойбачаи пулмаст як рӯзе маро ба хонааш ба меҳмонӣ таклиф кад ва зӯран номусамро доғдор намуд. Танҳо баъди кор аз кор гузаштан, вай иқрор шуд, ки зану фарзанд дорад.  Азбаски зиёд дӯст медоштам, розӣ шудам, ки зани дуюмаш шавам. Бойбача ҳафтае ду маротиба маро ба  хонааш мебарад, вале ҳар гоҳ масъалаи никоҳро ба миён гузорам, корро кашола дода мегӯяд: «Камтар тоқат кун,  ман бо ягон баҳона занамро талоқ дода, туро зани қонунӣ карда мегирам…»

Инак, аз байн як сол гузашт, вале то ҳол мо чун ошиқу маъшуқа муносибат дорем. Ҳеҷ нест, ки ошиқи пулмастам занашро талоқ дода, маро ба занӣ бигирад. Азбаски ин минбар минбари ошиқон аст, мехоҳам хонандагони азиз роҳи дурустро ба ман нишон диҳанд.
Нигинаи фиребхӯрда.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

16 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *