Бойбачаи тоҷик дубора ба даст афтод

Абдуваҳҳоб Маҷидов, шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон, ки ҳамчун ронандаи «ҷавонони тилоӣ”-и шаҳри Маскав машҳур шудааст, дар пайи як садамаи нақлиётӣ аз нав дастгир шуд. Абдуваҳҳоб Маҷидов дар моҳи майи соли 2016 дар пайи як пойга бо мошини «Мерседес-Гелленваген” бо писарони раҳбарони ширкати «Лукойл” боздошт ва ба 15 рӯзи ҳабс маҳкум шуда буд.

Вазорати корҳои дохилии Русия рӯзи 9 январ бо нашри як изҳороти вижа аз боздошти дигарбораи шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Абдуваҳҳоб Маҷидов хабар дод.

Ирина Волк, сухангӯи пулиси Русия гуфт, шоми 8 январ, соати тахминан 18 дар кӯчаи Профсоюзнаяи шаҳри Маскав як садамаи нақлиётӣ рух дод. Яке аз ронандагон ба кормандони ГИБДД ҳуҷҷатҳои ронандагии Тоҷикистонро нишон додааст. Ин ронанда ҳамчунин барои будубош дар қаламрави Русия сабти ном надошт.

Ҳангоми санҷиши асноди ронанда, кормандони ГИБДД маълум карданд, ки ӯ иштирокчии пойгаи машҳури мошинҳои «Гелленваген” дар моҳи майи соли 2016 Абдуваҳҳоб Маҷидов мебошад. Маҷидовро баъди он пойга ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум ва аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум карда буданд.

Ирина Волк мегӯяд: «Ба зидди ин мард бар асоси қисми дуюми моддаи 12.7-уми Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия бо иттиҳоми «рондани воситаи нақлиёт аз ҷониби ронандае, ки аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум карда шудааст” парванда кушодаанд.

Ин банди қонуни Русия ҳамчун муҷозот ҷарима ба маблағи то 30 ҳазор рубл, ё то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ ваё то 200 соат корҳои маҷбуриро пешбинӣ мекунад. Аммо азбаски Абдуваҳҳоб Маҷидов шаҳрванди Тоҷикистон аст, ӯро метавонанд аз Русия ихроҷ низ бикунанд, чунки ин алакай бори дуюм аст, ки ӯ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонда мешавад.

Шаби 22 майи соли 2016 пулиси шаҳри Маскав иштирокчиёни як пойгаи мошинҳои «Гелленваген”-ро дастгир кард. Аксари онҳо фарзандони роҳбарони баландпояи ширкати нафти «Лукойл” буданд. Пулис гуфт, Руслан Шамсуаров – писари муовини президенти «Лукойл” ҳамроҳи Виктор Усков ва Абдуваҳҳоб Маҷидов дар хиёбони Ленин бо як мошини «Гелленваген”-и бидуни шумораи давлатӣ бо суръати хеле баланд ҳаракат мекарданд. Онҳо ба амри пулис итоат накарданд ва мошинҳои пулис онҳоро дунбол гирифтанд. Маҳз навори ҳамин пойгаи «Гелленваген” бо мошинҳои пулис ба Интернет роҳ ёфт.

Дар мурофиаи додгоҳӣ Абдуваҳҳоб Маҷидов рондани мошинро ба гардани худ гирифт ва гуфт, азбаски дӯсташ Шамсуаров он шаб маст буд, ӯ мошинро ронандагӣ мекард. Ҳарчанд дар матбуоти Русия ин фарзия ҳам матраҳ буд, ки Маҷидов аъмоли дӯсти сарватмандашро пӯшонда истодааст.

Додгоҳи ноҳияи Гагарини Маскав писарони роҳбарони «Лукойл”-ро ба корҳои маҷбурӣ ва Абдуваҳҳоб Маҷидовро ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кард.

Ба дунбол, дар Интернет видеое нашр шуд, ки Абдуваҳҳоб Маҷидов дар рӯзҳои ҳабсаш ба тоза кардани фаввораҳо ва рангубори девору панҷараҳо машғул аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *