Бозӣ бо Қирғизистон барои Тоҷикистон ҳалкунанда хоҳад шуд

Бозии даври шашуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои Қирғизистону Тоҷикистон  пагоҳ,  19-уми ноябр дар шаҳри Бишкек соати 20:00 бо вақти маҳаллӣ (соати 19:00 бо вақти Душанбе) шурӯъ мешавад.

Бино ба маълумоти  сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон ин бозиро ҳакамон аз Қатар доварӣ мекунанд.

Ба иттилои ин манбаъ, довари FIFA (Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол) Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷассими 32-сола аз Қатар сардовари бозӣ таъйин шудааст. Ӯ дар қаҳрамонии ҷаҳон-2017 миёни ҷавонон дар Кореяи Ҷанубӣ, Ҷоми Осиё-2019 дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Ҷоми тиллоии КОНКАКАФ-2019 таҷрибаи бузург касб намудааст. Инчунин ин довари қатарӣ ба ҳайси ёвари видео-довар дар қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар Русия кор кардааст.

Дар бозии Қирғизистон – Тоҷикистон ба Абдулраҳмон Ал-Ҷассим ҳамватанҳояш, ёварони довари FIFA – Толиб Салим Ал-Маррӣ ва Сауд Аҳмад Ал-Макалеҳ кӯмак мекунанд. Вазифаи довари чаҳорумро довари FIFA Теҷас Нагвенкар аз Ҳиндустон ба ҷо меорад. Висва Натҳан Кришнан аз Сингапур нозири доварон ва Ҷаемин Шин аз Кореяи Ҷанубӣ комиссари бозӣ таъйин шудаанд.

Мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, баъди бохт дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» рӯзи 14-уми ноябр дар меҳмонӣ аз тими миллии Мянмар бо ҳисоби 3:4 эътироф кардааст, ки дар интихоби бозигарон ба ҳайати дастаи мунтахаб ба хатоҳо роҳ додааст.

“Мо бозиро бохтем ва ин бароямон бисёр бад аст. Дар он ҷое холҳоро аз даст додем, ки набояд ин корро мекардем. Ин метавонад дар охири мусобиқаи интихобӣ таъсир расонад. Маълум мешавад, ки ман дар бозӣ бо Мянмар ҳайати мувофиқро интихоб накардаам. Ба бачаҳои пуртаҷриба умед доштам. Дар тамрини пеш аз бозӣ бачаҳо худро хуб нишон доданд, вале бозӣ баророр нагирифт. Имрӯз рӯзи мо набуд ва корамон омад накард” — иброз дошт Усмон Тошев.

Баъди натиҷагирии чаҳор даври мусобиқа дар гурӯҳи “F” мунтахаби Ҷопон, ки дар ҳамаи бозиҳояш пирӯз шудааст, бо 12 имтиёз мақоми аввалро азони худ кардааст. Дастаҳои Қирғизистону Тоҷикистон бо 6-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ва дастаҳои Муғулистону Мянмар бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои чаҳоруму панҷум ҷойгир шудаанд.

Ба ҷуз аз бозии Қирғизистону Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 19-уми ноябр дар даври шашуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” мунтахаби Мянмар дар майдони худ бо мунтахаби Муғулистон рақобат мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *