Боз қалби ҳунарманде аз тапидан бозмонд
Сарояндаи сурудҳои мардумӣ ва Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Озодамоҳ Муҳтарамова дар синни 66-солагӣ даргузашт. Хабар медиҳад сомонаи sputnik-tj.com.
Ин хабарро сарояндаи шинохтаи тоҷик Ҳаётой Муминова низ дар сафҳаи фейсбукияш навиштааст: «Ҳунарпешаи Халкии Точикистон, сарояндаи маҳбуб апаи Озодамоҳ Муҳтарамова даргузашт».
Марҳум соли 1955 дар деҳаи Шоҳони ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) ба дунё омада, барои таҳсил ба ноҳияи Москва ( ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) меравад.
Аз синни 13 — солагиаш дар театри халқии ноҳия ҳамчун сароянда ба фаъолият оғоз мекунад. Дар театри мазкур нозукиҳои мусиқиро аз ҳофизи шинохтаи мардумӣ шодравон Одина Ҳошимов хуб омӯхта, то ба овозхони касбӣ расидааст.
Аз соли 2003 инҷониб дар ансамбли «Ганҷина»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев кор мекард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ