Боз 14 нафар дигар узви Иттифоқи нависандагон нест, ин дастури Ҳукумат?

 

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чанд аъзои дигари худро хориҷ кардааст.

Манбаъҳо шумораи  хориҷшудагонро   14 нафар гуфтаанд.

15 сентябри соли равон раёсати Иттифоқи нависандаҳо аз хориҷ кардани 26 узви иттифоқ хабар дода буд ва он вақт  Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандаҳо гуфта буд, ки  ин иқдом дар доираи дастури ҳукумат барои омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзои Иттифоқи нависандагон амалӣ шудааст: “Ин иқдом ба хотири иҷрои банди 25-уми Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №5, аз 8-уми апрели соли 2016 дар бораи омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзои ИНТ амалӣ гашта, натиҷаи кори комиссияест, ки ба ин мақсад ташкил шудааст”.

Ба иттилои манбаъ комиссия осори адибонеро, ки солҳои 2014-2015 бидуни омӯзиши ҷиддии маҳсули эҷодашон ба таври дастаҷамъӣ ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шудаанд, омӯхта, хулосаҳои худро ба раёсати ИНТ пешниҳод кард: “Дар натиҷаи овоздиҳии якдилона 26 нафар аз узвияти ИНТ хориҷ гардиданд”.

Ато Мирхоҷа таъкид намуда буд, ки меъёр барои муайян намудани аъзои тасодуфии Иттифоқи нависандагон ҳунари шоирию нависандагии онҳо мебошад: “Аъзои тасодуфӣ ба далели мувофиқ набудани сатҳи касбияшон аз узвияти ИНТ хориҷ карда шуданд».

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *