Боз 2 ташкилоти бонкӣ аз фаъолият монд
Пас аз пешниҳоди аризаҳои барҳамдиҳии ихтиёрӣ фаъолияти муассисаҳои қарздиҳии хурди “Гендер ва тараққиёт” ва “Танаис” қатъ гардид.
Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст. Иҷозатномаҳои ташкилотҳои қарзии хурди номбурда, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 25 июли соли 2005, таҳти №195 ва 4 январи соли 2006, таҳти №4 барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд гардиданд. Бонки Миллӣ масъулини ин муассисаҳоро уҳдадор кардааст, ки ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилотҳои қарзии номбурда, комиссияҳои барҳамдиҳиро таъсис диҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ