Боз 5 тоҷикро зиндон карданд

Додгоҳи Омск панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро дар убури ғайриқонунии марзи Русия муҷрим дониста равонаи зиндон кард.

Дафтари матбуоти Додситони вилоят гуфтааст, Фирӯз Бобомуродов, Файзиддин Кенҷаев, Обидҷони Нурализода, Садридин Сатторов ва Неъматулло Фаридунӣ дар қатораи самти Петропавловск бо ҳам ошно шуда, чун санадҳои лозимаро барои вуруд ба Русияро надоштаанд, маслиҳат кардаанд, ки марзро ғайриқонунӣ убур менамоянд. Муҳоҷирони номбурда дар қаламрави ноҳияи Исилкул аз сӯи кормандони ФСБ боздошт шудаанд. Ба иттилои манбаъ, боздоштшудаҳо ба гуноҳи худ пурра иқрор шудаанд.

Бо ҳукми додгоҳ Бобомуродов, Кенҷаев ва Сатторов як сол ва Нурализодаву Фаридунӣ 13 моҳ аз озодӣ маҳрум шуда, ин муҳлатро дар колонияи низомаш умумӣ пушти сар хоҳанд кард.

Рустам Азимӣ

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *